Jump to content

Ҳабиб Ҳакимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҳабиб Ҳакимов

Ҳабиб Ҳакимов (тав. 21 ноябри 1972, Душанбе, ҶШС Тоҷикистон) — овозхони тоҷик ва узви гурӯҳи «Фарзин».

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳабиб Ҳакимов соли 1972 дар Душанбе ба дунё омада, соли 1994 Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст. Ӯ яке аз муассисони гуруҳи овозадори «Фарзин» мебошад, ки соли 1999 таъсис шуда, бо таронаҳои ғайриоддияш маъруфият касб карда буд. Аммо ин гуруҳ соли 2004 пароканда шуд ва Ҳабиб Ҳакимов тасмим гирифт, ба танҳоӣ овозхонӣ намояд. Маҳсули ин давраи фаъолияти вай албоми «Шикасти фиреб» буд[1].

Соли 2012 Фейруз Ҳакимов ва Ҳабиб Ҳакимов эълон карданд, ки дигарбора зери бренди «Фарзин» баромад мекунанд. «Фарзин»-и баъди «эҳё» соҳиби ҳудуди 10 суруд аст: «Сиёҳчашмак», «Опс-опс», «Анор-анор», «Камкамак», «Master and Servant», «Сенерита», «Ки сага сар дод», «Қаҳр макун», «13 &3», «Ҷигак-ҷигак» ва «Мисли қанд». Аммо таронаи «Сиёҳчашмак» аз феҳрасти сурудҳои «Фарзин» берун мебошад. Онро моли давраи яккахонии Ҳабиб медонанд, ки воқеан муддате сархати сершунавандаҳоро тарк накард ва ба Ҳабиб маъруфият овард.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Гурӯҳи «Фарзин»