Фейруз Ҳакимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фейруз Ҳакимов
Иттилооти асосӣ
Номи пурра Ҳакимов Фейруз Ҳамидович
Таърихи таваллуд 4 март 1974(1974-03-04) (50 сол)
Зодгоҳ Душанбе
Солҳои фаъолият 1993 — то ҳол
Кишвар  Иттиҳоди Шӯравӣ
 Тоҷикистон
 Тоҷикистон
Пеша(ҳо) гиторнавоз, оҳангсоз
Соз гитор, соз-калид ва piano accordion[d]
Номи мустаъор Фира, Dj Fire

Ҳаки́мов Фейру́з Ҳами́дович (4 марти 1974, Душанбе) — навозанда, оҳангсоз[1][2][3], гитарнавоз, актёр[4].

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Фейрӯз Ҳакимов 4 марти соли 1974 дар шаҳри Душанбе (ҶШС Тоҷикистон) таваллуд йофтааст. Дар давраи кӯдакӣ Фейруз Ҳакимов футболро ҷиддан дӯст медошт[5]. Аммо модараш ӯро на ба сексияи варзиш, балки ба мактаби мусиқии, синфи аккордеон, фиристод, ки онро Фейрӯз, соли 1987, бомуваффақият хатм кард.

Маориф[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Соли 1987 — мактаби мусиқии № 5 дар Душанбе, бо ихтисоси аккордеон хатм кардааст;
  • 1989 — мактаби миёнаи № 66 дар Душанбе хатм кардааст;
  • Соли 1993 — Коллеҷи саноатии Душанберо хатм кардааст (шуъбаи «Радиоалоқа ТВ ва радиошунавонӣ»);
  • 1998 — Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. Факултаи физика, кафедра — «Радиофизика ва радиоэлектроника».

Фаъолияти меҳнатӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Солҳои 1998—2003 дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии масъалаҳои шаҳрсозӣ ва меъморӣ дар вазифаи Вазорати андоз ва боҷҳои Раёсати тарҳрезии компютерҳо (дар самти ДМТ) кор карда буд;
  • 2003—2006 DJ[ru] дар радиои «Ватан» 106 FM;
  • 2008—2016 DJ дар радиои «Ориёно» 103 FM;
  • Солҳои 2008—2018 омӯзгорӣ кафедраи муҳандисии садои Консерваторияи миллии Тоҷикистон;
  • 2016—2020 Муҳаррири мусиқии ТРК «Ватан» 106 FM[6];
  • Аз 16 октябри соли 2017 — Узви Иттифоқи кинематографистони Ҷумҳурии Тоҷикистон[7];
  • Аз 29 декабри соли 2017 — Узви Иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фаъолияти эҷодӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аз моҳи март то августи 1993 — гитарнавози гурӯҳи «Парем»;
  • Аз соли 1994 то 1996 — Фейрӯз Ҳакимов якҷоя бо Владимир Юматов гурӯҳи «Конгломерат» ташкил кард, ки дар он гитарнавоз ва овозҳон буд[8];
  • Солҳои 1996—1999 — гитарнавози гурӯҳи «Западный квартал»;

21 ноябри соли 1999 Фейрӯз Ҳакимов ҳамроҳ бо ҳамноми худ — Ҳабиб Ҳакимов, гурӯҳи «Фарзин» ташкил дод[9]. Ҳамчун гитарнавози гурӯҳ, Фейруз Ҳакимов инчунин барои қисми мусиқӣ масъул буд ва ҳамчун продюсери мусиқӣ амал мекард. Дар кори студияви, гурӯҳи «Фарзин» бо муҳандиси садои студияи «JC Records Studio» — Олим Ширинов зич ҳамкорӣ мекард[10].

Гурӯҳи «Фарзин» дар ибтидои солҳои 2000 хеле машҳур буд[9] ва дар соли 2000 ҳатто дар ҷашнвораи байналмилалии «Азия Дауысы» (русӣ: «Голос Азии»), ки дар Алма-ата (Қазоқистон)) баргузор шуд, ҳамчун меҳмонони фестивал буд.

Аз соли 2005 инҷониб Фейруз Ҳакимов ҳамчун агенти озоди мусиқӣ амал мекунад — ҳамчун навозандаи озоди дар гурӯҳҳои гуногун бозӣ мекунад, аранжировка мекунад, барои филм ва телевизион мусиқӣ менависад ва инчунин дар маҳфилҳои мухталифи шаҳр ҳамчун диҷей бо тахаллуси — Dj Fire, баромад мекунад[11].

Дар соли 2017, Фейруз Ҳакимов мавзӯи муҳокимаи моҷарои байналмилалӣ шуд, ки узви ҳайати доварони озмуни «SILK WAY STAR» дар Алмаато буда, ба як иштирокчии Қазоқистон баҳои хеле паст додааст[12][13][14].

Иштирок дар фестивалҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 2000 — «Азия Дауысы» (дар ҳайати гурӯҳи «Фарзин»);
  • 2004 — Продюсери фестивали «Ситораҳои асри нав» (русӣ: «Звёзды нового века»);
  • 2005 — Продюсери фестивали «Ситораҳои асри нав» (русӣ: «Звёзды нового века 2»);
  • 2017 — «Silk way star» — коршиноси доварон[6];
  • 2018 — «Discover Silk Road Star» — узви ҳакамон.

Ҷоизаҳо ва мукофотҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 2001 — ҷоизаи озмуни «Сонеъ» барои албоми беҳтарини сол, гурӯҳи «Фазин» — Tajikennium;
  • 2003 — барандаи ҷоизаи «Суруди сол 2003», аз ҷониби ТРК «Азия-Плюс» " бо суруди «Бандарӣ» (дар ҳайати гурӯҳи «Фазин»);
  • 2004 — барандаи ҷоизаи «Суруди сол 2004», аз ҷониби ТРК «Азия-Плюс» бо суруди «Фариштаи Тилло»[15] (дар ҳайати гурӯҳи «Фазин»);
  • Моҳи январи соли 2013 Фейруз Ҳакимов ҷоизаи «TOP-50: Одамони услуби шаҳри Душанбе барои соли 2012» гирифт[16].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фейруз Хакимов(рус.). kinopoisk.ru. 30 августи 2021 санҷида шуд.
  2. Фейруз Хакимов — Биография Кино(рус.). filmnavi.ru. 29 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 31 июли 2021.
  3. СНЕЖНЫЙ ЧЕЛОВЕК(рус.). kinonavigator.ru. 29 августи 2121 санҷида шуд.
  4. Фильмография — Фейруз Хакимов(рус.). ru.kinorium.com. 29 августи 2021 санҷида шуд.
  5. Фейруз Хакимов — «Фарзин»(рус.). sport.rambler.ru. 8 Январ 2029 санҷида шуд.
  6. 6.0 6.1 Фейруз Хакимов- эксперт международного конкурса!(рус.). vatan.tj. 29 августи 2021 санҷида шуд.
  7. Музыкант Фейруз Хакимов стал членом Союза кинематографистов Таджикистана(рус.). asiaplus.info.tj. 30 августи 2021 санҷида шуд.
  8. Не стало музыканта Владимира Юматова(рус.). asiaplustj.info. 29 августи 2021 санҷида шуд.
  9. 9.0 9.1 Миллионы фанаток и лучшие хиты: куда пропали культовые таджикские группы(рус.). tj.sputniknews.ru. 29 августи 2021 санҷида шуд.
  10. Группа «Фарзин»(рус.). last.fm. 29 августи 2021 санҷида шуд.
  11. Dj Fire Фейруз Хакимов: в детстве мечтал стать крутым футболистом(рус.). tj.sputniknews.ru. 1 сентябри 2021 санҷида шуд.
  12. Зрители музыкального шоу освистали жюри из Таджикистана(рус.). rambler.ru. 29 августи 2021 санҷида шуд.
  13. Жюри из Таджикистана оказалось в эпицентре скандала на конкурсе SILK WAY STAR(рус.). asiaplus.info.tj. 30 августи 2021 санҷида шуд.
  14. «Silk way star» на телеканале «Qazaqstan»(рус.). kstnews.kz. 29 августи 2021 санҷида шуд.
  15. Суруди Сол 2004, «Фарзин» — Фариштаи тило. youtube.com. 29 августи 2021 санҷида шуд.
  16. Победитель ТОП-50 2012 года — Фейруз Хакимов(рус.). top50.tj. 29 августи 2021 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]