Шариф Ҳакимзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҳакимзода Шариф Саидович)
Jump to navigation Jump to search
Шариф Ҳакимзода
Ҳакимзода Шариф Саидович
Таърихи таваллуд: 23 феврал 1961(1961-02-23) (60 сол)
Зодгоҳ: Кӯлоб , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳакимзода Шариф Саидович – омӯзгор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳакимзода Шариф Саидович 23 феврали соли 1961 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Миллат-тоҷик. Соли 1982 Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро хатм кардааст. Ихтисос- филологияи тоҷик.


  • Солҳои 1978-1982- Таҳсил дар Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ.
  • Солҳои 1982-1983- Муаллими мактаби миёнаи №6 ноҳияи Восеъ
  • Соли 1983 (02-08)- Муаллим ва китобхоначии мактаби миёнаи №22 ноҳияи Кӯлоб
  • Солҳои 1983-1990- Ҷонишини директори мактаби миёнаи №22 ноҳияи Кӯлоб
  • Соли 1990 (04-08)- Ходими маънавиёти рўзномаи вилоятии «Хатлон», шаҳри Кӯлоб
  • Солҳои 1990-1993- Мудири бахши протоколии Кумитаи иҷроияи Шўрои депутатҳои халқи вилояти Кӯлоб
  • Соли 1993 (01-03)- Мудири бахши протоколии Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Хатлон
  • Солҳои 1993-1995- Мудири шуъбаи умумии Кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Хатлон
  • Солҳои 1995-2001- Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа
  • Солҳои 2001-2004- Роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб
  • Солҳои 2004-2014- Мутахассиси пешбари Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», шаҳри Душанбе
  • Аз феврали соли 2014 то с. 2020 - Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо.

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ҳакимзода Шариф Саидович(тоҷ.). www.parlament.tj. 2 апрели 2020 санҷида шуд.