Ҳамидҷон Абдуллоев
Таърихи таваллуд | 20 июл 1945 (79 сол) |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Рӯмон, ноҳияи Хуҷанд |
Фазои илмӣ | биология |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Институти давлатии педагогии Ленинобод (1966) |
Ҷоизаҳо | «Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон» (1999) |
Ҳамидҷон Абдулло́ев (20 июли 1945, деҳаи Рӯмон, ноҳияи Хуҷанд) — зистшинос, доктори илмҳои биология (1990), профессор (1997), узви вобастаи АИ ҶТ (2001).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Ленинобод (1966). Ассистенти кафедраи ботаникаи Институти давлатии педагогии Ленинобод (1966 — 67), аспиранти Институти физиология ва биофизикаи рустаниҳои АИ ҶТ ва Институти физикаи биологии АИ СССР (шаҳри Москва, 1967 — 70), ходими хурд (1970 — 73) ва калони илмӣ (1973 — 75), мудири кабинети микроскопи электронии Институти физиология ва биофизикаи рустаниҳои АИ ҶТ (1975 — 79), мудири Озмоишгоҳи генетикаи фотосинтез ва маҳсулнокии рустаниҳо (1980—2003), ҷонишини директор оид ба корҳои илмии Институти физиологияи рустанӣ ва генетикаи АИ ҶТ (2003 — 05). Аз соли 2005 академик-котиби Шуъбаи илмҳои биология ва тибби АИ ҶТ.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдуллоев олими шинохтаи соҳаи физиологияи рустанӣ, генетика ва селексияи пахта буда, барои омӯзиши генетикаи фотосинтез, коркарди тест-аломатҳои физиологӣ, беҳтар намудани фаъолияти фотосинтез бо мақсади баланд бардоштани ҳосили зироати кишоварзӣ тадқиқот анҷом додааст. Абдуллоев якҷоя бо Ш. Т. Бурнашев чанд навъи зудрас, серҳосил ва ба касалии вилт тобовари пахтаи миёнанахро кашф намудааст («Гулистон», «Гулистон-2», «Шавкат-80»), ки дар хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Данғара, Фархор, Хуросон ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ кишт мешаванд. Абдуллоев муаллифи 150 таълифоти илмӣ, аз ҷумла як монография, ду шаҳодатнома ва ду патент барои ихтирои навъҳои пахтаи миёнанах аст. Таҳти роҳбарии ӯ 9 нафар рисолаи номзадӣ, 2 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намудаанд.
Унвону ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо унвони «Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон» (1999) сарфароз гаштааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Индексы фотосинтеза в селекции хлопчатника, Д., 2001;
- Методы селекции растений, Д., 2002.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.