Ҳамлаи террористӣ дар Нитса (2020)
Кишвар | |
---|---|
Воҳиди марзию маъмурӣ | Нис[d] |
Макони кунунӣ | |
Замони вуқуъ | 29 октябр 2020 |
Шумори ҷонбохтагон |
|
Таслиҳот | Корд |
Муҳоҷим | Brahim Issaoui[d][2] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҳамлаи террористӣ дар Нитса — ҳамла ва куштори се нафар 29 октябри соли 2020 дар Нотр-Дам-де-Нитсаи Фаронса рух дод, ки ҳамлагарро полис маҷрӯҳ намуда ва баъдан ба ҳабс гирифта шуд[3].
Шаҳрдори Нитса гуфт, ки ин ҳодиса амали террористист ва онро ба терроризми исломӣ нисбат додааст[4][5].
Ҳодиса
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба гуфтаи раиси шаҳри Нитса, Кристиан Эстрозӣ, ҳамла дар биноҳои Нотр-Дам-де-Нитса, як базиликаи католикии румӣ, воқеъ дар хиёбони Жан Медесин дар маркази Нитса, сурат гирифтааст. Бино ба гузоришҳо, ҳамлагар борҳо ҳатто "Аллоҳу Акбар!" гӯён фарёд мезад, ҳатто пас аз захмӣ шудан ва боздошт шудан аз тарафи маъмурони пулис. Дар ин ҳамла ду зан ва як мард кушта шуданд. Яке аз занҳо сар бурида шуд, вале баъдан тасдиқ шуд, ки гулӯи ӯро бурида ёфтанд, аммо дар асл сарашро набуриданд. Эстрозӣ гуфт, ки ду нафар аз қурбониён дар дохили калисо ҷон бохтанд, дар ҳоле ки саввумӣ пас аз фирор аз калисо бо ҷароҳатҳои вазнин дар тарабхонаи наздик ба ҳалокат расид; марди кушташуда - посбони калисо Винсент Локки 54-сола мебошад.
Зане, ки аз ҷароҳатҳои бардошта дар тарабхона фавтидааст, зани 44-солаи бразилӣ Симон Барето Силва, модари се фарзанд мебошад.
Вазири корҳои дохилӣ Ҷералд Дарманен эълом дошт, ки дар шаҳр амалиёти вижаи полис гузаронида мешавад. Ба ҷои ҷиноят як гурӯҳи сапёрҳо омадааст ва кормандони полиси зиддитеррористӣ дар кӯчаҳои атрофи собор посбонӣ мекунанд.
Ҳалокшудагон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ин ҳамла се нафар кушта шуданд: яке зани тақрибан 60-солае буд, ки бо буридани гулӯ пайдо шудааст; посбони калисо марди 54-сола; ва як зани 44-сола, ки дар калисо шадидан захмӣ шудааст, ба тарабхонаи ҳамсоя давида, дар он ҷо ҷон додааст[6].
Ҳамлагар
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳамлагар, Броҳим Ауиссауии 21-сола, охири моҳи сентябри соли 2020 аз Тунис ба Лампедуза омадааст. Пас аз гузаштани карантин дар болои киштӣ, ӯ рӯзи 8 октябр ба Барӣ расидааст. Дар Барӣ, полис ба ӯ фармоне супурд, ки бояд дар муддати ҳафт рӯз аз қаламрави Италия хориҷ шавад[7]. Броҳим як рӯз пеш аз ҳамлаи калисо дар Нитса зоҳир шуд. Ба гуфтаи хонаводааш дар Сфакс, ӯ дувуним сол қабл пас аз нашъамандӣ ва машрубот ба дин баргашт[8].
Аксуламал
[вироиш | вироиши манбаъ]Фаронса
[вироиш | вироиши манбаъ]Пас аз он ки дар бораи ин ҳодиса маълум шуд, дар Маҷлиси Миллӣ як дақиқаи сукут эълон шуд. Ҳукумат тасдиқ кард, ки президент Эммануэл Макрон дертар аз макони ҳамла дидан хоҳад кард[9].
Сухангӯи Шӯрои эътиқоди мусулмонони Фаронса ин ҳамларо маҳкум кард. "Ба нишони андӯҳ ва ҳамбастагӣ бо қурбониён ва наздикони онҳо, ман аз тамоми мусулмонони Фаронса даъват мекунам, ки ҳама ҷашнҳои мавлудро бекор кунанд"[10].
Шоми 29 октябр дар маркази Нитса намоиши идитаристҳо, ултрасҳо ва мухлисони футбол баргузор шуд. Аъзоён Marseillaise ва Nissa la Bella-ро суруданд. Ҳангоми намоиш бо доду фарёд "Ислом аз Аврупо рав!" мегуфтанд[11].
Аксуламали байналмилалӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Раиси Парлумони Аврупо Дэвид Сассоли, Сарвазири Испания Педро Санчес ва Сарвазири Италия Ҷузеппе Конте изҳорот пахш намуда, ба мардуми Фаронса изҳори ҳамдардӣ карданд[12]. Ин ҳамларо Туркия, Арабистони Саудӣ, Ҳиндустон, Бритониё, Белгия ва Канада маҳкум карданд.
Попи Рум Франсиск ба католикҳои Нитса изҳори тасаллият кард: “Ман бо ҷамъияти католикии Нитса ҳастам, ки ҳамлаи пагоҳирӯзӣ дар ҷои ибодат ва тасаллӣ марг коштааст. Ман барои қурбониён, барои оилаҳои онҳо ва барои мардуми фаронсавӣ дуо мекунам, ки онҳо тавонанд ба бадӣ бо некӣ посух гӯянд”[13].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Attentat à Nice : le pronostic vital de l'assaillant "reste engagé", a indiqué le procureur antiterroriste — France Info, 2020.
- ↑ https://www.nouvelobs.com/terrorisme/20201029.OBS35382/info-obs-l-assaillant-de-nice-est-un-tunisien-age-de-21-ans-arrive-clandestinement-en-france.html
- ↑ Трое погибших, обезглавлена женщина: в Ницце произошел теракт(рус.). Газета.Ru. 29 октябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ Интерфакс. Мэр Ниццы назвал нападение в городской церкви исламским фашизмом(рус.). Interfax.ru. 29 октябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ Мэр Ниццы назвал нападение в церкви проявлением исламофашизма(рус.). РБК. 29 октябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ Францию охватили теракты: в церкви зарезали трех человек. Все детали, фото и видео. ria-m.tv. 29 октябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ От Лампедузы до Ниццы. Механика культурного обогащения Европы. postskriptum.org. 30 октябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ Attentat de Nice : l'assaillant s’est récemment tourné vers la religion selon sa famille. www.leprogres.fr. 30 октябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ Теракт в Ницце: минута молчания в Национальном собрании, ошеломленный политический класс. www.inopressa.ru. 29 октябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ Глава совета мусульман Франции призвал не праздновать рождение пророка. lenta.ru. 29 октябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ Une manifestation identitaire à Nice après l'attentat? La vive colère des ultras de l'OGC Nice. https://nicepresse.com. 30 октябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 1 ноябри 2020.
- ↑ «Мы не уступим терроризму». Франция заявила об атаке на страну после теракта в Ницце и серии нападений — все подробности(рус.). nv.ua. 29 октябри 2020 санҷида шуд.
- ↑ В мире осудили действия исламистов против Франции(рус.). Интерфакс. 29 октябри 2020 санҷида шуд.
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Шаблони «Пайвандҳои беруна» холӣ
- Рӯйдодҳои соли 2020
- Фаронса дар соли 2020
- Октябри соли 2020
- Рӯйдодҳои 29 октябр
- Таърихи Нитса
- Ҳамлаҳои террористӣ дар Фаронса
- Ҳамлаҳои террористӣ аз ҷониби исломгароён
- Ҳамлаҳо ба ибодатгоҳҳо
- Ҳамлаҳои террористии соли 2020
- Pages using the Kartographer extension