Jump to content

Қарматиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қарматиён, қаромита (ар. قرامطة‎) — ҳаракати мазҳабию сиёсӣ зидди дини расмии Хилофати Аббосиён дар мулки Аҷам — Мовароуннаҳру Хуросон, дар асри IX.

Карматиҳо гурӯҳи пурқуввати сиёсие буданд, ки дар асри IX пайдо шуда, деҳқонон, бодиянишинҳо ва аҳли ҳунар, хусусан, онҳоеро, ки аз мазҳаби расмии ислом ва сиёсати нажодпарастонаи халифаҳои аббосӣ, ки худро ҳокими ҳамаи мусулмонҳо мешумориданд, норозӣ буданд, муттаҳид мекарданд. Сабаби чунин ном гирифтани ин ҷараён дар он аст, ки асосгузори он Ҳамадон ибни Ашъас қад ва пойҳои кутоҳ дошт. Онҳо аз сарлашкарони туркнажоди мамлакати худ низ бим доштанд. Таълимоти карматӣ, ки бузургии нажоди эрониро нисбат ба арабу турк таблиғ мекард, чун мафкура такягоҳи хубе буд. Таъсиру нуфузи он ба дараҷае буд, ки амирону вазирон ва шахсони дигари соҳибэътибор низ ба он майл мекарданд. Насри II ибни Аҳмад низ ба онҳо таваҷҷуҳ дошт. Дар охирҳои салтанати Насри II ҳаракати карматӣ (исмоилия) дар Мовароуннаҳру Хуросон сар зад ва қувват гирифт. Сарвари ҳаракат Ҳусайн ибни Алии Марвазӣ буд, ки дар набарде асир афтода дар зиндони Бухоро ҳалок шуд. Дар Мовароуннаҳр саркардаи карматиҳо Муҳаммад ибни Аҳмади Нахшабӣ буд, ки аз Насри II талаб кард, ки ба ивазидар ҳабсхонаи Бухоро ҳалок шудани Ҳусайн ибни Алии Марвазӣ, ки иҷрокунандаи супоришҳои махфии фотимиён буд, ба халифаи Миср 119 ҳазор динор тавон диҳад. Насри II, ки тарафдори ҳаракати карматӣ (исмоилия) гардида буд, ба додани ин маблағ розӣ шуд.[1]

Ҳамаи ин ба норозигии рӯҳониёни ислом боис гардид. Лашкариён бошанд, онҳоро мекуфтанду ғорат мекарданд. Дар китоби «Осор ул-вузаро» — и Сайфиддинҳоҷӣ нисбати Абулфазли Балъамӣ равшан аст, ки ӯ бо фармони амир Нӯҳи Сомонӣ қатл шудааст. Ба андешаи муаррихи тоҷик А. Мухторов "ин шахс ҳамзамон ва парастори Рӯдакӣ буд. Шояд зада кӯр карда аз дарбор рондани Рӯдакӣ ва қатли Абулфазли Балъамӣ бо ҳам алақамандӣ дошта бошад? Яъне бо сабабҳои якхела (дар иштирок ба ҳаракати карматиҳо ё худ бо сабаби дигар) ин ду марди бузург ҷазо дида бошанд.[2] Рӯҳониён зидди амир сӯиқасд ташкил карданд. Вале писари амири мазкур Нӯҳ аз ин сӯиқасд хабардор шуд. Сӯиқасдчиён ҷазои сахт гирифтанд. Насри II баъди ғалаба аз болои душманони худ эълон кард, ки аз тахти подшоҳӣ даст кашида писараш Нӯҳро ба ҷойи таъйин мекунад.

Нӯҳ ибни Насри II баъди расман ба тахт нишастан худ Нахшабиро ба дор кашид ва қатли оми карматиҳо дар сар то сари мамлакат оғоз ёфт.[3]

  1. Ҳотамов Н. Б., Довудӣ Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). — Душанбе,2011, — с. 105.
  2. Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. — Душанбе, 1997, — с. 63-64.
  3. Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. — Душанбе, 1997, — с. 8.