Ҳасан Абдуллоев
Ҳасан Мӯъминҷонович Абдуллоев | |
Таърихи таваллуд | 21 сентябр 1952 (72 сол) |
Зодгоҳ | Душанбе |
Фазои илмӣ | физика |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илм |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин |
Ҷоизаҳо |
Ҳасан Абдулло́ев (Ҳасан Мӯъминҷонович Абдуллоев; тав. 21 сентябри 1952, Душанбе) — физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика (2000), профессор (2002), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2007), дорандаи ордени «Шараф» дараҷаи II (2009)
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳасан Абдуллоев таърихи 21 сентябри соли 1952 дар пойтахти Ҷумуҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 1974 факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро бо баҳои аъло хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ, дар вазифаҳои муҳандис (1974—1978), ходими хурди илмӣ (1978—1985), ходими калони илмӣ (1985—1988), мудири Лаборанти проблемавии физикаи мустаҳкамии полимерҳои факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1988—1989) фаъолият намудааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Абдуллоев Ҳ.М. рисолаи номзадиро дар Институти тадқиқотии ба номи Л. Я. Карпови шаҳри Москва (соли 1984) дифоъ кардааст. Соли 1989 ба вазифаи дотсенти кафедраи физика ва механикаи полимерҳои факултети физикаи ДМТ интихоб гардидааст. Соли 2000 бошад, рисолаи докторӣ дар Институти нафту химияи АИ ФР ҳимоя намудааст.
Сипас, дар вазифаҳои дотсенти кафедраи физика ва механикаи полимерҳо (1999—2000), муовини декан оид ба илм (2000—2007), декани факултети физикаи (2007—2009), мудири кафедраи ҷисмҳои сахт (аз соли 2009—2017) ва профессори кафедраи ҷисмҳои сахт (аз соли 2002 — то хол) фаъолияти пурсамар дорад.
Абдуллоев Ҳ.М. муаллифи зиёда аз 140 асари илмӣ, як монография (2005), як ихтироъ ва 5 дастури таълимию методӣ мебошад. Асарҳояш доир ба тадқиқоти илмии масъалаҳои реология, сохтор ва хосиятҳои электрофизики механикии полимерҳо дар бисёр кишварҳо — Россия, Украина, Англия, Олмон, Полша, Чехия, Словакия ва ғайра нашр гардидаанд. Ӯ ҳоло, узви Шӯрои диссертатсионӣ, узви комиссияи АИ ҶТ оид ба мукофот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ мебошад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дискретный спектр физических свойств и природа разрушения полимеров, Д., 2005.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Аълочии маорифи Тоҷикистон»,
- Ордени «Шараф» дараҷаи II,
- Ифтихорномаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. — Душанбе,2008, с. 12-13.