Ҳасан Муродиён
Муродов Ҳасан Ғуломович | |
Таърихи таваллуд | 20 сентябр 1958 |
Зодгоҳ | ноҳияи Вахш, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 9 ноябр 2020 (62 сол) |
Маҳалли даргузашт | Бохтар, вилояти Хатлон, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб |
Муродиён Ҳасан Ғуломзода (то марти 2018 Муродов Ҳасан Ғуломович; 20 сентябри 1958, деҳаи Навкорам, ноҳияи Вахш, вилояти Қурғонтеппа, ҶШС Тоҷикистон — 9 ноябри 2020, Бохтар, вилояти Хатлон, Тоҷикистон) — омӯзгор, рӯзноманигор, номзади илмҳои педагогӣ (1996), доктори илмҳои филология (2010), профессор (2013). Корманди шоистаи Тоҷикистон (2014). Узви иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистӣ (2001),
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳасан Муродиён 20 сентябри 1958 дар деҳаи Навкорами ноҳияи Вахш дар хонаводаи кишоварз ба дунё омадааст. Фориғуттаҳсили мактаби миёнаии № 11-и ноҳияи Вахш (1975) ва факултети забону адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (1979) мебошад[1].
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо роҳхати Вазорати маорифи Тоҷикистон корро аз МТМУ-и № 33-и н. Вахш ба ҳайси омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик оғоз карда (1979, 1981—1989), баъдан дар ҳамин муассиса ба ҳайси муовини директор (1979—1981) ва директори мактаб (1989—1992) фаъолият кардааст.
Дар давоми кор дар муассисаи мазкур ҳамчун омӯзгори эҷодкор ва методисти пешқадам, роҳбари навҷӯю ташаббускор барои нишондиҳандаҳои баланди меҳнатӣ ва тарбияи меҳанпарастии наврасону ҷавонон вакили анҷумани 7-уми омӯзгорони ҷумҳурӣ (1987), анҷумани 4-уми муаллимони умумииттифоқ (1988), узви Иттиҳодияи омӯзгорони эҷодкори ноҳияи Вахш (1988—1992) интихоб шуда, бо ифтихорномаи Вазорати маорифи Тоҷикистон (1986), унвони Муаллими методист (1988) қадршиносӣ гардида, мартабадори ҷоизаи умумииттифоқии ба номи Н. К. Крупская (1988) эълом шудааст.
Соли 1992 ба Донишгоҳи давлатии Бохтар даъват шуда, ҳангоми ба ҳайси омӯзгор (1992—1993), саромӯзгор, мудири кафедраи адабиёти тоҷик (1993—1998), ноиби ректор оид ба илм (1998—2001), декани факултаи омӯзгорӣ (2001—2006), мушовири ректор ва мудири кафедраи забони тоҷикӣ (2008—2020, то охири умр) кор кардааст.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Муаллифи зиёда аз 34 рисолаи илмӣ (36 бо шумули 2 китоби ҳанӯз чопнашуда), дастурҳои методӣ, омӯзномаҳо ва китобҳои дарсӣ, 220 мақолаи илмӣ ва таълимию методӣ (1992—2020) мебошад. Дар бахши илми камтаҳқиқшудаи кишваршиносии адабии тоҷик силсилаасарҳо нашр карда, бори аввал дар таърихи адабиёти форсу тоҷик масъалаи ҳамбастагии инсонро бо олами ҳайвонот (дар мисоли асп) аз аҳди бостон то ин замон пайгирӣ ва нусхаҳои қаламии зиёда аз 90 фарасномаи манзуму мансурро мавриди омӯзиш қарор додааст. Дар самти таҳқиқи таърихи маориф ва давлатдории навини тоҷикон ҳам пажӯҳишҳои арзишманд анҷом додааст.
Бо роҳбарии Ҳасан Муродиён ду нафар рисолаи номзадӣ ва як нафар рисолаи докторӣ дифоъ карда, панҷ унвонҷӯ таҳқиқоти илмӣ мебурданд.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои муҳассилини макотиби миёна ва олӣ низ якчанд китоби дарсӣ навишта, барномаҳои таълимӣ бо низоми кредитии таҳсилот аз фанҳои усули таълими забони тоҷикӣ, усули таълими адабиёти тоҷик, фолклори тоҷик, фолклори бачагонаи тоҷик, адабиёт ва фолклор, кишваршиносии адабии тоҷик барои донишҷӯёни ихтисосҳои филологӣ, фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ, фолклори зинаҳои бакалавру магистри муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳия кардааст.
Дар фароҳамсозӣ ва интишори осори адибони классикӣ ва муосири тоҷик низ саҳмгузор буда, маҷмӯаи ашъори шоири муосир Ғафур Муллоро (1922—1992) бо номи «Соҳили дарёи дил» (Д., 2016, 193 саҳ.) омода ва чоп кардааст. Барои амалисозии васияти соли 1926 дар «Намунаи адабиёти тоҷик» баённамудаи С. Айнӣ бо заҳмати зиёд ягона нусхаи нодири девони ашъори Мирзо Ҳайити Саҳбо (1845—1918)-ро, ки дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии шаҳри Тошканд таҳти рақами 622 маҳфуз аст, ба даст оварда, баргардон ва таҳти унвони «Саҳбо. Соғари Саҳбо» (Д., 2018, ҷилди 1, 416 саҳ.) ба чоп расонидааст.
Рӯзноманигорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1976 бо ВАО-и дохилӣ ҳамкорӣ ва солҳои 1992—1993 дар нашрияи вилоятии «Хатлон» ба ҳайси рӯзноманигор фаъолият карда, барои истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон қаламфарсоӣ кардааст. То рӯзҳои вопасини умр барои рӯзномаю маҷаллаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Омӯзгор», «Маърифат», «Садои шарқ», «Адабиёт ва санъат», «Минбари халқ», «Ҳамрози халқ», «Хатлон», «Фурӯғ», «Ирфон», «Сафо», «Мактаб», «Вахш», «Кӯшониён» ва ҳоказо беш аз 340 мақолаи таҳлилӣ, лавҳаю очерк навиштааст.
Ташаббускори таъсиси рӯзномаи «Фурӯғ» (2000, нашрияи ДДБ ба номи Н. Хусрав) ва замимаи он — маҷаллаи «Ирфон» (2000), аввалин сардабири маҷаллаи «Мактаб» (нашрияи Раёсати маорифи вилояти Хатлон) дар солҳои 2005—2006 мебошад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои хидматҳояш бо 4 медали гуногуни ҷашнӣ (2016—2019), 2 нишони сарисинагӣ (1979, 2018) чандин диплом ва беш аз 30 ифтихорномаю сипосномаи сохторҳои Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
- Аълочии маорифи Тоҷикистон (2000),
- Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2000),
- Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2001),
- Корманди шоистаи Тоҷикистон (2014).
Дар айёми донишҷӯӣ (1978) бо фармони Президиуми совети олии ИҶШС барои хониши аъло ва заҳмати пурсамар бо медали «Барои меҳнати шоён» қадрдонӣ шудааст.
Барои дастовардҳои шоистаи илмӣ бо қарори шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Бохтар Олими сол — 2006 дониста шудааст.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳасан Муродиён 9 ноябри соли 2020 даргузашт[2].
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Забони хуни мо бояд шавад бедор. Қ (Қӯрғонтеппа)., 1992;
- Такомули нутқи хонандагон зимни маводи кишваршиносӣ. Қисми 1. Д., 1997;
- Кишваршиносии адабии фориғ аз дарс. Қисми 2. Д., 1997;
- Кишваршиносӣ ва сайёҳӣ. Д., 2018;
- Ғафур Мулло. Булбул, бисаро! Д., 2018.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Муродиён Ҳасан Ғуломзода. btsu.tj. ДДБ. 8 июни 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 июни 2021.
- ↑ Дар Бохтар як кӯча бо номи профессор Ҳасани Муродиён номгузорӣ шуд | Хабарҳои Тоҷикистон ASIA-Plus. asiaplustj.info. 4 апрели 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- 30 соли дирӯз ва имрӯзи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав. Д., 2008;
- Чеҳраи Хатлон. Д., 2013;
- Сухансавори саманди андеша. Х., 2018.