Ҳенрих Бёлл
Ҳенрих Бёлл | |
---|---|
олмонӣ: Heinrich Theodor Böll | |
![]() | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | олмонӣ: Heinrich Theodor Böll |
Таърихи таваллуд: | 21 декабр 1917[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 16 июл 1985[1][2][3][…] (67 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | таронасаро, филмноманавис, тарҷумон, шоир, румоннавис, нависанда, муаллиф |
Забони осор: | олмонӣ[2] |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: |
![]() |
![]() |
Ҳенрих Теодор Бёлл (олмонӣ: Heinrich Theodor Böll, 21 декабри 1917, Кёлн — 16 июли 1985, Лангенбройх) — нависанда ва ходими ҷамъиятии олмонӣ. Барандаи ҷоизаи Нобел (1972).
Зиндагинома[вироиш]
Пас аз Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1939−45) муддате дар Донишгоҳи Кёлн таҳсил кардааст. Повести «Қатора дар вақташ омад» (1949) асари нахустини батабърасидаи Бёлл мебошад. Дар асарҳояш аз нуқтаи назари инсондӯстии дини масеҳӣ ҷаҳолати ахлоқии натсистон, дурӯягиро дар ҷомеаи Олмони Ғарбии пас ҷанг мазаммат карда, аз дубора тавлид шудани фашизм пешакӣ огоҳ кардааст. Аз дин ва намояндагони он дурӣ меҷуст, чунки дар рафтори онҳо дурӯягӣ ва хушомадгӯиро дар назди ҳукуматдорон мушоҳида мекард. Бёлл дар осори адабиаш ба реализми омехта бо унсурҳои модернизм пайравӣ кардааст. Пас аз нашри романҳои «Куҷо будӣ, Одам» (1951), «Ҳарфе нагуфт» (1953), "Хонаи бесоҳиб " (1954), повести «Нони давраи ҷавонӣ» (1955) дар ҷаҳон машҳур гардид.
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ 1.0 1.1 1.2 Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #118512676 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF: платформа открытых данных — 2011.
- ↑ 3.0 3.1 SNAC — 2010.
Сарчашма[вироиш]
- Бёлл Ҳенрих // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.