Ҳикматулло Абдуллозода
Ҳикматулло Абдуллозода | |
Таърихи таваллуд | 6 июн 1947 (77 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Темурмалик, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони шаҳри Кӯлоб, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Ҷоизаҳо | «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1981), медалҳои «Fолиби мусобиқаи сотсиалистӣ» (1981), «Меҳнати шоён» (1999). «5-солагии Қуваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1998), «10- солагии ҚМ ҶТ» (2003), «15- солагии ҚМ ҶТ» (2008) ва «20 - солагии ҚМ ҶТ» (2013) |
Ҳикматулло Абдуллозода — омӯзгор, биологи тоҷик, номзади илмҳои педагогика (2003), дотсент (2008).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1965–1969 дар ДДОД ба номи Т. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1969–1970 мудири кабинети методии биологияи Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони шаҳри Кӯлоб, 1970–1971 афсари Артиши Шӯравӣ, 1971–1993 мудири кабинети методии биологияи Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони ш. Кӯлоб. Солҳои 1993 - 1996 таҳсил дар шуъбаи ғоибонаи аспирантураи кафедраи методикаи таьлими биологияи ДДОД ба номи К.Ҷӯраев. Солҳои 1979 -1980 дар вазифаҳои: мудири кабинети методии биалогияи Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони Кӯлоб; 1981 - 1993 Мудири кабинети методии биалогияи Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони Кӯлоб кор кардааст. Солҳои 1993 – 2004 ҳамчун муаллими калон, дотсенти кафедраи методикаи таьлими биология; 2004 - 2009 мудири кафедраи методикаи таьлими биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ буд, 2004 - 2009 ҳамчунин соатбай дар ДДЗТ ба номи С.Улуғзода дар кафедраи педагогика ва психологи фаъолият намудааст. Солҳои 2009 - 2010 дотсенти кафедраи педагогика ва психология; 2010 - 2015 мудири кафедраи педагогика ва психология; 2015 – 2016 дотсенти кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ; Аз соли 2016 мудири кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода кор мекунад.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Зиёда аз ёздаҳ дастуру китобҳои таълимӣ нашр кардааст:
- Кабинети методӣ – Кӯлоб : ИВТИМ., 1985, 3 ҷ.ч, (дастури таълимӣ);
- Муҳофизати табиат дар таълими биология – Кӯлоб : ИВТИМ., 1989, 4 ҷ.ч, (дастури таълимӣ);
- Ташкилу истифода дафтар дар таълими биология– Кӯлоб : ИВТИМ., 1991, 4 ҷ.ч, (дастури таълимӣ);
- Иди ҳосилот– Кӯлоб : ИВТИМ., 1992, 4 ҷ.ч, (дастури таълимӣ);
- Корњои берун аз синфӣ аз биология - Душанбе: ТГПУ., 2003, 5 ҷ. ч, (дастури таълимӣ);
- Гушаи зиндаи табиат ва экскурсияњои биологӣ - Душанбе: ТГПУ., 2005, 8 ҷ. ч,(дастури таълимӣ);
- Асосҳои методикаи таълими биология - Душанбе: ТГПУ.,2008,12 ҷ. ч, (китоби таълимӣ);
- Маводи дидактики дар таълими биология - Душанбе: ТГПУ., 2010, 6 ҷ. ч, (дастури таълимӣ);
- Роњнамои таљрибаомӯзии омӯзгорӣ - Душанбе: Матбуот 2013, 4 ҷ. ч, (дастури таълимӣ);
- Педагогикаи умумӣ - Душанбе: Ирфон 2013, 14 ҷ. ч (китоби таълимӣ);
- Таърихи педагогика - Душанбе: ҶДММ., Андалеб 2013, 16 ҷ. ч ; (китоби таълимӣ). Муаллифи беш аз 180 мақолаҳои илмӣ ва илмиву оммавӣ буда, онҳо дар маҷмӯаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он чоп шудааст.
Мукофот
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1981), медалҳои «Fолиби мусобиқаи сотсиалистӣ» (1981), Медал барои «Меҳнати шоён» (1999). «5-солагии Қуваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (1998), «10- солагии ҚМ ҶТ» (2003), «15- солагии ҚМ ҶТ» (2008) ва «20- солагии ҚМ ҶТ» (2013) қадр карда шудааст.[1]
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гӯшаи зиндаи табиат ва экскурсияҳои биологӣ, Д., 2005;
- Корҳои беруназсинфӣ аз биология, Д., 2003;
- Асосҳои методикаи таълими биология, Д., 2008 ва диг.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С. Улугзода. 6 июни 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 май 2014.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Зодагони 6 июн
- Зодагони соли 1947
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Темурмалик
- Номзадҳои улуми педагогика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Олимони Тоҷикистон
- Омӯзгорон аз рӯи алифбо
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Биологони Тоҷикистон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
- Олимони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода