Тӯпхона
Тӯпхона (форсӣ: توپخانه), артиллерия (тавассути фр. artillerie[1][2] ё итол. artiglieria[1] — омода кардан, ҷиҳозондан[2], аз лот. artillum — «партоба, силоҳ»[2]) ва ё Оташборгон (форсӣ: آتشبارگان) яке аз истилоҳоти бунёдии улуми низомӣ аст, ки дар се маънӣ ба кор меравад:
- шохае аз нерӯҳои мусаллаҳ, ки ҷангафзори аслии он силоҳҳои оташфишони лӯлаиву калонкалибре чун тӯп, тӯпвор, минандоз, хумпораандоз ва мушакандозҳои дӯшпартобу милаие ҳастанд, ки бо партоби гулӯлаву мушакҳо размандагон, сангарҳо ва истеҳкомоти душманро нобуд мекунанд; тӯпхона.
- маҷмуъи сарбозону афсарону ҷангафзору размафзоргони оташфишони лӯлаиву милаӣ ва василаҳои кашишу ҷобаҷоии онҳову афзорҳои ҳидояти оташ ва парведориву фароҳамсозии гулӯландозӣ;
- риштае аз улуму фунуни низомӣ, ки сохтор, тарроҳӣ, сохтусоз ва равишу роҳкунишҳои корбурди размии ҷангафзорҳои оташфишонро баррасӣ мекунад.
Артиллерия — навъе нерӯи низомӣ, ки аз иттиҳодия, қисмҳо ва ҷузъу томҳо иборат аст ва бо тӯпу миномётҳо, дастгоҳҳои реактивӣ ва тирҳои (гулӯлаҳо) зиддитанкии реактивии идорашаванда мусаллаҳанд. Артиллерияи ядроӣ, зенитӣ, заддитанкӣ, кӯҳгард, ракетавию реактивӣ, худгард ва ғ. навъҳои гуногуни артиллерия мебошанд. Артиллерия бо воситаҳои разведка, алоқа, нақлиёт ва асбобҳои идоракунии оташи артиллерӣ таъмин буда, барои нобуд кардани воситаҳои оташфишон, техникаи ҳарбӣ, ҳайати шахсӣ, иншооти ҳимоятӣ ва дигар объектҳои душман истифода мегардад. Артиллерияе, ки ба ҳайати иттиҳодия, қисмҳо ва ҷузъу томҳо дохил мешавад, артиллерияи қӯшун (артиллерияи корпус, артиллерияи дивизия, артиллерияи полк, артиллерияи баталион) ва артиллерияе, ки ба ҳайати артиллерияи қӯшун дохил намешавад, артиллерияи эҳтиётии Сарфармондеҳи Олиро ташкил медиҳад. Артиллерияи Флоти ҳарбии баҳрӣ аз артиллерияи киштӣ ва артиллерияи соҳил иборат аст. Артиллерияи киштӣ аз гурӯҳҳо, манораҳо ва батареяҳо иборат буда, дивизиони мустақил ё қисми ракетию артиллерии ҷангии киштиро ташкил медиҳанд. Онҳо, одатан, бо дастгоҳҳои артиллерии ҳамакораи калибрашон 29 — 130 мм мусаллаҳ буда, метавонанд сӯи ҳадафҳои баҳрӣ, соҳилӣ ва ҳавоӣ оташ кушоянд. Артиллерияи соҳилӣ ба ҳайати қӯшунҳои ракетию артиллерии соҳилӣ дохил аст. Метавонад доимӣ (сокин) ва мутаҳаррик (худгард) бошад. Дар Қувваҳои ҳарбии ҳавоии ҳозира асосан артиллерияи ракетиро истифода мебаранд. Артиллерия ба навъҳои артиллерияи сабук, миёна, вазнин, пуриқтидор ва фавқулиқтидор ҷудо мешавад. Артиллерия ҳамчун маҷмӯи аслихаи артиллерӣ ҳамаи навъҳои аслиҳаи оташфишон (тӯп, тӯпвор, мортира, дастгоҳи худгарди артиллерӣ ва реактивӣ, минандоз, туфанг, автомат, тирбор, норанҷакандоз), ҳамаи навъҳои лавозимоти ҷангӣ (тир, гулӯла, мина), воситаҳои ҳаракат, асбобҳои идора кардани оташ ва нишонгирӣ, воситаҳои разведка ва ғ.-ро дар бар мегирад. Артиллерия ҳамчун илм масъалаҳои сохту истифодаи аслиҳа ва техникаи артиллерӣ, усулҳои татбиқи онҳо ва назарияи оташфишониро меомӯзад.
Артиллерия таърихи чандинасра дорад. Дар мамлакатҳои Шарқи Қадим — Миср, Байнаннаҳрайн, Хитой, Ҳиндустон, Эрон ва ғ. дастгоҳҳои қалъашикан, техникаи оташпарто ва сангпарониро истифода мебурданд. Пайдоиши нахустин аслиҳаи оташфишон дар ох. қарни 13 — авв. қарни 14 ба арабҳо мансуб аст. Дертар аслиҳаи оташфишон ба Аврупо гузашт. Солҳои 20 — 40 қарни 14 аввалин намунаҳои яроқи оташфишон дар Италия, Франсия, Германия ва Англия пайдо шуданд. Дар сарзамини рус артиллерия аввалин бор с. 1382 ҳангоми муҳофизати Москва ва ҳуҷуми Тӯхтамишхон истифода гардид. Аввалин тӯпҳо аз лӯлаҳои металлии болғакӯб иборат буда, такягоҳи чӯбин доштанд. Ба сифати тир сангпора ва гулӯлаҳои сурбиву оҳанин истифода мешуданд. Асрҳои 14 — 15 дар Аврупо рехтагарӣ пайдо шуд. Минбаъд тӯпҳоро аз мису биринҷӣ мерехтанд. Корҳои рехтагарӣ дар сарзамини рус а-ҳои 15 — 16 ривоҷ ёфт. Дар Москва корхонаи махсуси «Пушечный двор» ба кор даромад. Истифодаи биринҷӣ ба инкишофи тӯпсозӣ роҳ кушод. Техникаи артиллерӣ такмил ёфт, истифодаи артиллерия на танҳо дар муҳофизату муҳосираи шаҳру қалъаҳо, балки дар майдони муҳориба низ имконпазир гашт. Инкишофи минбаъдаи аслиҳаи қӯшунҳо артиллерияро аз як навъ аслиҳа ба як навъи қӯшун (дар қатори қӯшуни пиёда ва савора) табдил дод.
Дар асҳои 16 — 17 илми артиллерия ба вуҷуд омад, ки он дар Россия махсусан аз нимаи дуюми қарни 19 инкишоф ёфт. Дар таърихи артиллерия ихтироъкори боистеъдоди рус В. С. Барановский мақоми хос дорад. То миёнаи қарни 19 артиллерия суфтамил буд, аз милаш тир пур карда мешуд, бо гулӯлаҳои курашакл оташфишонӣ мекард. Солҳои 1872 — 77 ӯ аввалин намунаҳои тӯпҳои тезпаронро ихтироъ кард. Пайдоиши артиллерияи милаш рахпеч ва гулӯлааш дарозрӯя масофаи парвози гулӯларо аз 2 — 4 то 20 — 30 км афзуд, зичии тирпаронӣ ва қудрати гулӯларо баланд кард. Дар давоми Ҷанги якуми ҷаҳонӣ аслиҳаи артиллерии ҳамаи давлатҳои ҷангкунанда миқдоран зиёд шуда, сифатан беҳтар гардид. Дурзанӣ ва иқтидори тӯпҳо афзуд. Бо оғози истифодаи танку авиатсия зарурати сохтани навъҳои махсуси артиллерия — зиддитанкӣ ва зенитӣ ба миён омад. Дар арафаи ҶБВ (1941 — 45) Армияи Советӣ бо тӯпҳои нави 45 ва 76 мм, тӯп, гаубитса ва тӯп-гаубитсаҳои 122 ва 152 мм, гаубитсаҳои 203 ва 305 мм, мортираҳои 280 мм, миномётҳои 82 ва 120 мм, тӯпҳои зинитии 37, 76 ва 85 мм мусаллаҳ гардид. Танку самолёт ва киштиҳои ҷангӣ низ аслиҳаи артиллерии нав гирифтанд. Солҳои ҶБВ артиллерия яке аз навъҳои асосии қӯшунҳои хушкигард буд ва ба номи «худои ҷанг» сазовор гардид.
Дар қарни 20 артиллерия бо роҳи бунёд ва такмили артиллерияи реактивию ядроӣ инкишоф ёфт. Илми артиллерия, ки бо комёбиҳои нави илму техника такя мекунад, солҳои охир хеле пеш рафт. Махсусан артиллерияи реактивӣ босуръат тараққӣ кард. Тӯпҳои худгарди тезпарони гулӯлаашон реактивӣ, идорашаванда ва пошхӯранда пойдо шуданд. Тезпаронӣ ва қобилияти зиреҳшикании артиллерияи зиддитанкӣ баланд шуд, сохти тӯпу гулӯлаҳо беҳтар гардид. Дар натиҷаи бунёди комплексҳои артиллерӣ аз ҳисоби истифодаи радиолокаторҳо, таҷҳизоти оптикию электронӣ, ҳисобмошинаҳои электронӣ ва ғ. имконияти воситаҳои идоракунии оташ ва таъмини тирпаронӣ васеъ шуд. Бинобар ин, бо вуҷуди пайдо шудани аслиҳаи ракетии идорашаванда, артиллерия дар муборизаҳои мусаллаҳона ҳозир ҳам қувваи асосии зарбазан, воситаи муҳими зиддитанкӣ ба ҳисоб меравад.
Вожашиносӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Истилоҳи «оташборгон» аз рӯи вожаи авестоӣ: «ātarə-c̆ar-» сохта шуда, ки дар «Авесто» ба маънои «оташафкан, оташафшон, оташбор, оташрез» ба кор рафтааст, ки аз «*ātr-c̆ar-» дар эронии бостон ба ҳамин маънӣ рӯида аст[3]. Ҳарчанд ин вожа то замони мо нарасида, вале решааш – «озар» (форсӣ: āδar > порсии миёна: ādur : ātur > порсии бостон: ātar-) ва мутародифаш «оташ» ҳам дар адаби форсӣ ва ҳам дар улуми низомӣ ба кор мераванд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки «оташ» (порсии миёна: ātaxš > авестоӣ: ātarš- > порсии бостон: *ātar-) дар улуми низомӣ яке аз истилоҳоти бунёдӣ аст, аз ин вожа баробаре барои истилоҳи «артиллерия» сохта шуд.
«Артиллерия»-ро дар Тоҷикистон «артиллерия», дар Эрон «тӯпхона» ва дар Афғонистон «тӯпчӣ» меноманд[4]. Аммо «тӯпхона» дар форсии тоҷикӣ «қӯрхона – анбори тӯпҳо дар қисмҳои ҳарбӣ; ҷои нигаҳдории тӯпҳо»-ро меноманд, ки куҳантарин маънои ин вожа дар забони форсӣ аст[5]. Истилоҳи «тӯпхона» дар форсии Эрон дар мафҳуми «артиллерия» низ аз ҳамин маънӣ реша гирифтаву густариш ёфтааст.
Ягоне аз артиллерия, ки чаҳор тӯпу тӯпандозҳову размафзорашонро дар бар мегирад ва «батарея» ном дорад, дар Эрон «оташбор» ва дар Афғонистону Тоҷикистон «батарея» номида мешавад[6]. «Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ» истилоҳи «оташбор»-ро баробари англ. «battery¹» ниҳодаву чунин таъриф кардааст:
Оташбор (форсӣ: آتشبار): ягоне роҳкунишӣ ва иҷроӣ дар воҳидҳои тӯпхона, ки дар ягонҳои пиёда ва соири растаҳои низомӣ муъодили гурӯҳон аст[7].
«Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» «оташбор»-ро сифат ва «оташфишон» таъбир карда ва «оташборон»-ро исм ва «ҳадафи тири зиёд қарор додан ҷоеро», ки аз феъли «оташ боронидан» ба маънои «аз ҳар тараф ва пайи ҳам тир андохтан, тирборон кардан» сохта шудааст[8]. Ҳамин вожа реша гирифта ва бо часпондани пасванди «-гон», ки дар истилоҳсозӣ барои нишон додани гурӯҳе аз падидаҳои яксону ҳамгун ба кор меравад, вожаи «оташборгон» сохта шуд:
Оташборгон = маҷмуъе аз оташборҳо = батареяҳо = артиллерия
Намудҳои оташборгон
[вироиш | вироиши манбаъ]- оташборгони абарсангин
- оташборгони бузургкалибр
- оташборгони дурбурд
- оташборгони калонкалибр
- оташборгони хурдкалибр
- оташборгони худравкаш
- оташборгони оҳанроҳӣ
- оташборгони аспкаш
- оташборгони мутуркаш
- оташборгони пуштибонии мустақим
- оташборгони пуштибонии умумӣ
- оташборгони падофанди ҳавоӣ: ҷангафзорҳо ва таҷҳизоте, ки аз замин барои сарнагуну нобуд кардани ҳадафҳои ҳавоии душман ба кор мераванд
- оташборгони захира
- оташборгони захираи фармондеҳии кулл
- оташборгони тарфиқӣ
- оташборгони вижа
- оташборгони миёнакалибр
- оташборгони тақвият
- оташборгони артишӣ
- оташборгони атомӣ
- оташборгони гурдонӣ
- оташборгони соҳилӣ
- оташборгони кашишӣ
- оташборгони роҳкунишӣ
- оташборгони ёрирасон
- оташборгони лӯлакӯтоҳ; тӯпвор
- оташборгони бехон
- оташборгони кӯҳистонӣ
- оташборгони дурзан
- оташборгони лашкарӣ
- оташборгони ҳавогардзан
- оташборгони нов
- оташборгони сипоҳӣ
- оташборгони сайёр
- оташборгони сабук
- оташборгони хурдкалибри ҳавогардзан
- оташборгони дарёӣ
- оташборгони мутурӣ
- оташборгони заминӣ
- оташборгони хондор
- оташборгони пуштибон
- оташборгони саҳроӣ
- оташборгони ҳанг
- оташборгони маъмур
- оташборгони падофанди ҳавоӣ: ҷангафзорҳо ва таҷҳизоте, ки аз замин ба ҳадафҳои ҳавоӣ тирандозӣ мекунанд
- оташборгони танкзанӣ
- оташборгони лӯладароз
- оташборгони мушакӣ
- оташборгони мушакандоз
- оташборгони худкашишӣ; худгард
- оташборгони ҳавогардзани миёнакалибр
- оташборгони лӯлаӣ
- оташборгони сангин
- оташборгони созмонӣ
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Этимологический словарь русского языка Макса Фасмера
- ↑ 2.0 2.1 2.2 Этимологический словарь русского языка Шанского Н. М.
- ↑ Расторгуева В. С., Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2000. — Т. 1 (a—ā). — 328 с. — 1000 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 5-02-018125-0. (в пер.). – с. 321
- ↑ Персидско-русский и русско-персидский военный словарь [Текст] : [Около 20 000 терминов] / Сост. канд. филол. наук Г. Г. Алиев ; Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. – Москва : Воениздат, 1972. – 655 с.; – с. 326
- ↑ Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 2, с. 361.
- ↑ Персидско-русский и русско-персидский военный словарь [Текст] : [Около 20 000 терминов] / Сост. канд. филол. наук Г. Г. Алиев ; Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. – Москва : Воениздат, 1972. – 655 с.; – с. 335
- ↑ Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – саҳ. 43. 11 августи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 22 Декабри 2018.
- ↑ Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 2, с. 40
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Артиллерия // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Расторгуева В. С., Эдельман Д. И. Этимологический словарь иранских языков / Институт языкознания РАН. — М.: Издательская фирма «Восточная литература» РАН, 2000. — Т. 1 (a—ā). — 328 с. — 1000 экз. — ISBN 5-02-018124-2, ISBN 5-02-018125-0. (в пер.).
- Персидско-русский и русско-персидский военный словарь [Текст] : [Около 20 000 терминов] / Сост. канд. филол. наук Г. Г. Алиев ; Под ред. канд. филол. наук, доц. А. М. Шойтова. – Москва : Воениздат, 1972. – 655 с.
- Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 2.
- Фарҳанги ҳазорвожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392.