Ҳокимияти таъсискунанда
Ҳокимияти таъсискунанда - ваколате, ки ба мақомоти муайян муносиб дониста мешавад, ки гоҳо махсус барои таҳияи конститутсия барпо карда мешавад. Ҳокимияти таъсискунанда метавонад хислати аввалӣ дошта бошад, яъне конститутсияро пурра таҳия мекунад, агар дар мамлакат он амал накунад ва муштақ, яъне конститутсияи амалкунандаро тағйир медиҳад. Ҳокимияти таъсискунанда нахуст дар ташкили давлати нав барпо меёбад, масалан, баъди ба ягон мустамлика додани ҳокимияти соҳибистиқлол, дар ташкили давлати иттифоқие, ки якчанд давлатҳои то ҳол вуҷуддоштаро муттаҳид мекунад, ё ахиран, вақте ки реҷаи пешина дар натиҷаи табаддулот ё инқилоб сарнагун мешавад ва иваз кардани он зарур аст (ин ҳолатдарсолҳои 1814, 1830, 1848 вас. 1870 дар Фаронса, с. 1917 дар Русия ба вуҷуд омадааст). Ҳокимияти таъсискунанда бештар вақт аз тарафи маҷлиси таъсискунанда ё ки ҳокимияти иҷроия ва раъйпурсӣ амалӣ мегардад. Ҳокимияти таъсискунандаи муштақ ба парлумони амалкардаистода е дигар мақомот тааллуқ дорад; ин гуна ҳокимият бо роҳн гузаронидани раъйпурсии конститутсионӣ ё расму қоидаҳон днгар амалӣ гардонда мешавад .[1]
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - С. 511
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |