Ҳолмон (лот. Fritillāria eduárdii) — як навъ гиёҳи пиёзбехи бисёрсола; яке аз маъмултарин гулҳои худрӯи баҳорист. Ин гиёҳ бо номҳои гули ҳолмон, ҳолбон, ҳулмон, ҳулмун, ҳулму, ҳолму, ёлму, олму низ шинохта шудааст.
Пояаш рост (40 — 80 см, баъзан то 1,5 м қад мекашад), сербарг. Баргаш тасмамонанд ва нештаршакл, нӯгтез, ҷилодор. Гулаш калон (дарозиаш 4 — 8 см, диаметраш 8 — 10 см), хеле зебои зангӯлашакл, сурхи норанҷӣ, сурх, зарди сурхтоб ва ғ. (дар ҳар бех аз 2 то 15-то гул мешукуфад). Ғӯзааш сепалла (дарозиаш 6 — 8 см, бараш 4 — 6 см), тухмаш дарозрӯя (қариб 2 см), калон (40 — 50 донааш 1 г).
Ҳолмон рустании хоси Помиру Олой ва Афғонистон аст. Асосан дар минтақаи ҷангалзори паҳнбарг ва гармсер (дар зери буттаву дарахтон), алафзор, инчунин нишебиҳои санглохи кӯҳ (қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз ва ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ; 1200—2100 м аз сатҳи баҳр) нумӯ меёбад.
Ҳолмонро аз соли 1952 ин ҷониб дар Боғи гиёҳшиносии шаҳри Душанбе мепарваранд. Дар шароити шаҳри Душанбе сабзиши ҳолмон охирҳои моҳи феврал оғоз меёбад ва баробари барг баровардан ғунча мебандад. Аз аввали март то апрел (дар шароити табиӣ моҳҳои апрел — июн) гул мекунад. Тухмаш моҳи май мепазад. Пас баргу пояи рустанӣ мехушкад. тухмашро ҳатман тирамоҳ (баҳор кишт кунанд намесабзад) ба замини серпору мекоранд, он гоҳ тухмӣ баҳори соли оянда саросар неш мезанад. Ниҳоли аз тухмӣ рӯида хеле суст месабзад ва фақат баъди 6 — 7 соли кишт гул мекунад. Агар пиёзашро (баъди хушкидани баргу пояаш) кӯчат (ба чуқурии 10 см, масофаи байни ниҳолҳо 30 — 40 см) кунанд, баҳор ба гул медарояд. Гулдастаи ҳолмон дар об 7 — 8 рӯз тару тоза меистад.
Ҳолмон гиёҳи нодир буда ба феҳристи гиёҳони «Китоби Сурхи Тоҷикистон» дохил шуда, мувофиқи маълумоти овардаи китоб, намудест, ки ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад ва солҳои охир басуръат кам шуда истодааст. Сокинони таҳҷоӣ ва сайёҳон гули ҳолмонро даста-даста мечинанд, пиёзакашро барои истеъмол меғундоранд. Барои чидани гули ҳолмон ва пиёзаки он бояд рухсатномаи махсус ҷорӣ карда шавад. Онро бештар парваридан ва парваришгоҳҳо барпо кардан зарур аст[2].
Аз пиёзи ҳолмон оҳар (нишаста) мегиранд (шакидаи бехашро як ҳафта бо об софкорӣ мекунанд), таом (олиоба, ширатола) мепазанд. Баъзе табибони халқӣ бехи ҳолмонро барои табобати бемориҳои гуногун (иллати узвҳои ҳозима ва ғайра) тавсия медиҳанд.
Бояд гуфт, ки ҳолмон гиёҳи заҳрнок аст. Дар бехи он 15 навъ алкалоидҳои заҳрнок (империалин, империалон, пеймизин, эдпертилин, эдуардин, эдпетин ва ғайра) ёфтаанд. Пиёзи ҳолмон то 50 % оҳар (крахмал) ва 1 — 1,5 % алкалоид дорад.
- ↑ Об условности указания класса однодольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Однодольные».
- ↑ Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон : Олами наботот ва ҳайвонот / Ш. Курбонов, А. Тошев. — нашри 2-юм. — Душанбе : Дониш, 2015. — С. 429. — 535 с. — ISBN 978-9975-45-07-7.
- Флора Таджикской ССР, т. 2, М. — Л., 1963;
- Цветоводство Таджикистана, Душанбе 1965;
- Красная Книга. Дикорастущие виды флоры СССР нуждающиеся в охране, Л., 1975;
- Юнусов С. Ю., Алкалоиды, Ташкент, 1981.