Ҳоҷибой Тоҷибоев
Ҳоҷибой Тоҷибоев | |
|---|---|
| Тоҷибоев Ҳоҷибой (Ҳоҷимурод) | |
| Таърихи таваллуд: | 25 август 1955 |
| Зодгоҳ: | Ноҳияи Ҷаббор Расулов ҶШС Тоҷикистон |
| Таърихи даргузашт | 24 июл 2008 (52 сол) |
| Маҳалли марг: | Ноҳияи Ҷаббор Расулов ҶШС Тоҷикистон |
| Шаҳрвандӣ: |
|
| Касб: | stand-up comedian, satirist |
| Корнома: | 1980 — 2008 |
| Ҷоизаҳо: | |
Ҳоҷибой (Ҳоҷимурод) Тоҷибоев (25 августи 1955, ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҶШС Тоҷикистон — 24 июли 2008, ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҶШС Тоҷикистон) — яке аз танзгарҳои маъруфи Осиёи Марказӣ. Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Ӯзбекистон ва Тоҷикистон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳоҷибой Тоҷибоев 25 августи 1955 дар деҳаи Янгиқишлоқи ноҳияи Пролетар, ҶШС Тоҷикистон зода шудааст. Соли 1978 Донишкадаи театру рассомии Тошкентро хатм намудааст. Пас аз хатми донишкада ба ҶШС Тоҷикистон баргашта, чанд муддат дар театри ба номи Шукур Бурхонови ноҳияи Нов, сипас дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандӣ шаҳри Хуҷанд, вилояти Ленинобод фаолият кардааст. Сипас, ба театри давлатии вилояти Андиҷони Ӯзбекистон ба кор даромада ҳунарнамоиашро давом додааст. Ӯ дар натиҷаи бемории ҷигар 24 июли 2008 дар бемористони ш. Тошканд аз олам чашм пӯшидааст ва дар зодгоҳаш ба хок супорида шудааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳаҷвнигор дар якчанд филмҳои синамои «Ӯзбекфилм» ва намоишномаҳои телевизион нақшҳои мазҳакавӣ бозидааст. Фаъолияти эҷодии Ҳоҷибой Тоҷибоев ба забони ӯзбекӣ дар наворҳои торномаи YouTybe ба забони ӯзбекӣ сабт шудаанд.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 25 август
- Зодагони соли 1955
- Зодагони ноҳияи Ҷаббор Расулов
- Даргузаштагони 24 июл
- Даргузаштагони соли 2008
- Даргузаштагони ноҳияи Ҷаббор Расулов
- Википедия:Синамогарон бидуни IMDb
- Ҳунарпешамардони театри Тоҷикистон
- Ҳунарпешамардони театри Ӯзбекистон
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон