Ҳусейн Насриддинов
Таърихи таваллуд | 10 декабр 1929 |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Элокӣ, ноҳияи Ҳисор |
Таърихи даргузашт | 30 ноябр 2016 (86 сол) |
Маҳалли даргузашт | деҳаи Элокӣ, ноҳияи Шаҳринав |
Кишвар | Тоҷикистон |
Пеша(ҳо) | сароянда |
Ҳусейн Насриддинов (10 декабри 1929, деҳаи Элокии ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон — 30 ноябри 2016, деҳаи Элокии ноҳияи Шаҳринав, Тоҷикистон) — сарояндаи машҳури даврони шӯравии тоҷик, Ҳофизи Халқии ҶШС Тоҷикистон (1963). Овозаш тенори лерикӣ.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳусейн Насриддинов 10 декабри соли 1929 дар деҳаи Элокии ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Ҳунари сарояндагиро аз падараш Насриддин Ғафуров омӯхтааст. Омӯзишгоҳи педагогии райони Орҷоникидзеобод дар соли 1953 ва Институти давлатии педагогии шаҳри Душанберо дар соли 1971 хатм кардааст. Ҳангоми таҳсил дар дастаи ҳаваскорони санъати мӯзишгоҳ ҳунарнамоӣ мекард. Иштирокдор ва барандаи ҷоизаи азназаргузаронии ҷумҳуриявии ҳаваскорони ҳунар (соли 1952, шаҳри Душанбе). Аз соли 1954 иштирокдори дастаи ҳунарии ноҳияи Ҳисор.
Овозхонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Шуғли асосии Насриддинов муаллимӣ буда, дар суруду оҳангҳои интихобкардааш бештар мавзӯъҳои панду ахлоқӣ ва тарбиявӣ бартарӣ доранд. Ӯ ҳангоми таснифи сурудҳояш аз ҳавои оҳангҳои классикӣ ва халқӣ илҳом гирифта мекӯшид, ки лаҳну зарби сурудҳои иҷрокардааш дилчаспу форам ва таъсирбахш бошанд.
Насриддинов ба 40 мухаммаси шоирони классикии тоҷик (Нозим, Шавкат, Саййидо, Васлӣ ва дигарон), инчунин баъзе қисматҳои достонҳои панду ахлоқии машҳур (ба монанди «Қумринома»-и Ҷалолуддини Румӣ «Насиҳатнома»-и Носири Хусрав, аз «Бӯстон»-и Саъдӣ ва ғайра) оҳанг бастааст.
Сурудҳои машҳури классикии «Муноҷот» (ғазали Ҳайрат), «Муғулчаи Дуғоҳ» (муҳаммаси Васлӣ бар ғазали Соиб), «Ироқ»(шеъри Ҳ.Назаров) ва ғайра дар иҷрои Насриддинов хеле хуб садо медиҳанд.
Сурудҳои Нсриддинов аз ҷиҳати мавзӯъ ва мазмун гуногун буда, бештар ишқу муҳаббат, ҷавонӣ, меҳри Ватан ва лаҳзаҳои ҳаёти имрӯзаро тарранум мекунанд.
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳусейн Насриддинов 30 ноябри соли 2016 дар синни 88 солагӣ дар зодгоҳаш, деҳаи Элоки ноҳияи Шаҳринав даргузашт[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Даргузашти Ҳусейн Насриддинов, ҳофизи халқии Тоҷикистон » Озодагон. www.ozodagon.com. 28 май 2020 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. — Душанбе: СИЭСТ — 1989. — Ҷ.3. — С. 429.