Jump to content

Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз ҶХШС Бухоро)
Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро
ӯзбекӣ: Buxoro Xalq Sho'ro Jumhuriyati, Бухоро Халқ Шўро Жумҳурияти
ПарчамCoat of arms[d]
Таърихи таъсис 8 октябр 1920
Номи кӯтоҳ БНСР ва Бухарская ССР
Забони расмӣ тоҷикӣ ва ӯзбекӣ
Фаҳмоиши шиор Workers of the world, unite![d]
Матни шиор Butun dunyo proletarlari, birlashingiz!
Қитъа Осиё
Кишвар
Пойтахт Бухоро
Воҳиди марзию маъмурӣ ИҶШС
Ҷойгиршуда, дар ҳудуди сарзамини имрӯзаи Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон
Навъи ҳукумат ҷумҳурии шӯравӣ[d]
Шумораи аҳолӣ
  • 2 200 000 тан
Пули миллӣ Soviet ruble[d]
Иваз шуд ба ҶШС Ӯзбекистон, ҶШС Туркманистон ва ҶХШС Тоҷикистон
Ба ҷои Аморати Бухоро
Забони мавриди корбурд ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ
Таърихи фурӯпошӣ 27 октябр 1924
Масоҳат
  • 182 193 км²
Тасвири нақшаи мавқеият
Дини расмӣ ислом ва дунявӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро — мавҷудият ҳамчун ҷумҳурии соҳибихтиёр дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравӣ Федеративии Сотсиалистии Русия (РСФСР) солҳои 1920-1924.

Дар натиҷаи шӯриши мусаллаҳона ва ёрии қисмҳои Армияи Сурх бо сардории лашкаркаши шӯравӣ М. В. Фрунзе 2 сентябри соли 1920 дар аморати Бухоро "Инқилоби халқӣ" ғалаба кард, ки дар натиҷа амири он Муҳаммад Олим Хон (Амир) сарнагун гашт. 8 октябри соли 1920 дар Қурултои (съезди) 1-уми умумибухороии намояндагони халқ Бухоро Ҷумҳурии Халқии Шӯравӣ эълон карда шуд. Ҳукумати нави Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро асосан намояндагони Ҳизби коммунистии Бухоро ва собиқ ҳизби ҷавонбухороиён ташкил намуданд. Собиқ Аморати Бухоро ба худ номи Ҷумхурии Халқии Бухороро гирифт, ва ҳамчун ҷумҳурии соҳибихтиёр дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравӣ Федеративии Сотсиалистии Русия (РСФСР) солҳои 1920-1924 вуҷуд дошт. Баъд аз гузаронидани тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ дар Осиёи Миёна (соли 1924), Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро барҳам дода шуда, ҳамчун яке аз вилоятҳои ҶШС Ӯзбекистон ба ҳайати он ворид карда шуд.

Ходимони давлатии ҶХШБ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мукофотҳои ҶХШ Бухоро

[вироиш | вироиши манбаъ]