Jump to content

Бермудо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҷазираҳои Бермуд)
Ҷазираҳои Бермудо
англ. Bermuda
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Суруди миллӣ: «Худо, Маликаро нигоҳ бидор»
Забонҳои расмӣ инглисӣ[3]
Пойтахт Ҳомилтун
Шаҳрҳои калонтарин Ҳомилтун
Малика Елизаветаи II
Губернатор Ҷон Ҷеймс Рэнкин
Нахуствазир Дэвид Бёрт
Масоҳат 224-ум дар ҷаҳон
 · Ҳамагӣ 53,2 км²
 · % сатҳи об 26%
Аҳолӣ
 · Баҳо (2010) 64 237[1] нафар (202-ум)
 · Зичӣ 1207,46 наф./км²
ММД
 · Ҳамагӣ (2007) 5,85 млрд[2] долл. (149-ум)
 · ба сари аҳолӣ 91 477[2] долл.
Воҳиди пул Доллари Бермуда
Интернет-домен .bm
Рамзи ISO BM
Рамзи КБО BER
Пешшумораи телефон +1441
Минтақаи замонӣ UTC−04:00[d]

Бермудо (англ. Bermuda), ҷазираҳои Бермудо — гурӯҳи ҷазираҳои марҷонӣ (қариб 300 ҳазор) дар Уқёнуси Атлантик, 917 км дуртар аз қитъаи Амрикои Шимолӣ.

Дар шимол аз димоғаи Гаттераси иёлати Каролинаи Шимолӣ тӯл кашидааст. Аз соли 1684 мустамликаи Британияи Кабир. Масоҳаташ 53,3 км². Аҳолиаш 68,3 ҳазор нафар (2010). Маркази маъмуриаш — шаҳри Ҳомилтун. Забони расмӣ — англисӣ. Ҷашни миллӣ: Рӯзи Бермудо — 24 май. Воҳиди пулӣ — доллари Бермудо, ҳамқурби доллари ИМА.

Сохти давлатӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи сарқонун сардори давлат — Маликаи Британияи Кабир; намояндаи он дар Бермудо — губернатор, ки дар наздаш таҳти раёсати сарвазир Шӯрои машваратӣ амал мекунад. Мақоми олии қонунбарор-парламенти дупалатагӣ-Палатаи маҷлис (ба тариқи овоздиҳии умумихалқӣ интихоб мешавад) ва Сенат (аъзои он аз тарафи губернатор, сарвазир ва қувваҳои мухолифин таъйин мегарданд). Сарвазир баъди ҷамъбасти интихобот дар Палатаи маҷлис аз тарафи губернатор таъйин карда мешавад. Мақоми олии судӣ — Суди олӣ.

Бермудо аз 8 ҷаз. бузург ва 130 ҷаз. хурд иборат аст. Хатти соҳили ҷаз-ҳо 103 км тӯл кашидааст. Сатҳаш ноҳамвор ва теппадор, нуқтаи баландтаринаш-Таун-Хилл (79 м). Ҷаз-ҳо асосан аз таҳнишастҳо ва оҳаксангҳои марҷонӣ таркиб ёфтаанд. Иқлимаш субтропикии намнок. Ҳарор. миёнаи моҳи гармтарин-августи 26,70С, моҳи сардтарин-март 18,70С. Миқдори бориши солона-то 3100 мм. Аз июл то ноябр тӯфонҳои сахт мевазанд. Обанбори дохилӣ мавҷуд нест, барои ошомидан ва истеҳсолот аз оби борон истифода мебаранд. Бешаҳои фарохи дарахти ҷалғӯза, ки дар садаи 19 барои киштисозӣ истифода мешуданд, қисми зиёди Бермудоро фаро гирифтаанд. 20 дарсади ҳудуди Бермудо ҷангалзор буда, дарахтони нахл, бамбук, нахли харбуза (папая) ва бедгули аз Амрикои Шимолӣ овардашуда мерӯянд. Манзараҳои сунъӣ бештар ба назар мерасанд.

Қариб 60 дарсади аҳолии ҷазираҳои Бермудо ғуломони зангӣ (африқоӣ), зиёда аз 1/3 ҳиссаи аҳолӣ аврупоиҳо, амрикоиҳо ва португалиҳои аз ҷазираҳои Азор ва Мадейра кӯчида омада, боқимонда аз Осиё ва мулатҳо мебошанд. Аз 2/3 ҳиссаи диндорон протестант, 15 дарсад католиканд. Зичии миёнаи аҳолӣ дар 1 км2 — 1,2 ҳазор нафар. Дарозумрии миёна — 78 сол, (занҳо — 80,1 ва мардҳо 75,8) сол. Шумораи аҳолии қобили кор 38,4 ҳазор нафар буда, аз он 3 дарсад ба моҳидорӣ ва кишоварзӣ машғуланд, камтар аз 5 дарсад дар соҳаи саноат ва сохтмон, боқимонда дар соҳаи хидматрасонӣ ва идора фаъолият менамоянд. Бекорӣ қариб вуҷуд надорад.

Тиҷорати офшорӣ дар Бермудо аз соли 1935 ибтидо гирифтааст. Соли 2003 шумораи ширкатҳои офшорӣ ба 13,5 ҳазор расидааст. Аз соли 1971 инҷониб биржаи фондӣ амал мекунад, ки дар он 358 намуди коғазҳои қиматнок хариду фурӯш мешаванд. Соҳаи сайёҳии эксклюзив ривоҷ ёфтааст ва дар як сол то 484,1 ҳазор сайёҳон меоянд. Дар соҳаи саноати маснуотбарор бештар корхонаҳои таъмири киштӣ, истеҳсоли мебел, таҷҳизоти тиббӣ ва маводди косметикию (ороишӣ) парфюмерӣ пешраванд. Асосан картошка, меваҳои ситрусӣ, банан, сабзавот парвариш мекунанд. Гулпарварӣ ва фурӯши он ба ИМА роҳ андозӣ шудааст. Дарозии хатти роҳи автомобилгард 450 км буда, р. о. надорад. Бандарҳои баҳриаш-Гамилтон, Сент-Ҷорҷ, Докярд. Аэропорти байналмилалӣ дорад. Давлатҳои шарикони асосии тиҷоратиаш-Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Қазоқистон ва Ҷопон.

Бермудоро соли 1522 экспедитсияи испаниявӣ бо сарварии Бермудес кашф кардааст ва аз ин сабаб чунин номгузорӣ шудааст. То ба он ворид шудани истилогарони англис (1609) ҷаз. беодам буд. Аз соли 1616 сар карда овардани аввалин ғуломон аз Африқо оғоз гардид ва то манъ гаштани ғуломфурӯшӣ (1834) давом ёфт. Соли 1809 дар Бермудо пойгоҳи калонтарини ҳарбӣ-баҳрии Британияи Кабир таъсис дода шуд, ки он то соли 1951 вуҷуд дошт. Солҳои 1941-95 дар Бермудо пойгоҳи ҳарбӣ-баҳрӣ ва ҳарбӣ-ҳавоии ИМА ҷойгир буд. Соли 1968 тибқи Конститутсияи нав ҷазираҳои Бермудо ба ҳуқуқи худидоракунии дохилӣ соҳиб гардид. Дар интихобот (раъйпурсӣ)-и соли 1995 оид ба соҳибистиқлолии Бермудо 58,8 дарсади аҳолӣ иштирок намуда, аз он 73,6 дарсад барои нигоҳ доштани мақоми амалкунанда овоз доданд. Соли 1998 Ҳизби Муттаҳиди Бермуд, ки дар сари ҳокимият буд, шикаст хӯрд. Ҳукумат Ҳизби лейбористии тараққихоҳро таъсис дод.

Дар Бермудо ду бемористон: «Шоҳ Эдуарди VII» ва бемористони касалиҳои рӯҳии «Институти байниуқёнусӣ», 4 клиника барои калонсолон мавҷуд аст, ки дар он 366 табиб, 52 дандонпизишк ва зиёда аз 800 ҳамшираҳои шафқат фаъолият доранд.

Сатҳи саводнокӣ дар байни мардуми калонсол 98 дарсадро ташкил медиҳад. Дар тамоми Бермудо низоми ҳатмии таҳсилоти ройгон (синни 5-16-сола) амал мекунад. Аз соли 2002 ин ҷониб дар Бермудо низоми давлатии маълумоти миёнаи сезинагӣ ҷорӣ гаштааст. Таҳсил аз 5-солагӣ шурӯъ шуда, 6 сол дар мактаби ибтидоӣ, 3 сол дар мактаби миёна ва 4 сол дар мактаби олии миёна анҷом дода мешавад. Маълумоти олиро аз соли 1974 ин ҷониб дар Коллеҷи Бермуд мегиранд.

Матбуот, радио ва телевизион

[вироиш | вироиши манбаъ]

Рӯзномаҳои «The Royal Gazette» (1828), «Bermuda Sun» (дар як ҳафта ду маротиба), ҳафтаномаи «Mia Ocean News» нашр мешаванд. Дар Бермудо 8 пойгоҳи радиоӣ ва 4 пойгоҳи телевизионӣ амал мекунанд.

Манзараи Ҳомилтун
  • Новая российская энциклопедия. Т. III (1). М., 2007;
  • Страны мира. Современный справочник. М., 2008.