Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ҷазираҳои Феникс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷазираҳои Феникс
англ. Phoenix Islands
Кишвар Кириботӣ
Маркази маъмурӣ Кантон[d]
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 27,92 км²
Вақти минтақавӣ UTC+13[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Рамзи ISO 3166-2 KI-P
Ҷазираҳои Феникс дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷазираҳои Феникс — галаҷазира дар уқёнуси Ором. Дар 2650 км ҷанубу ғарби ҷазираҳои Ҳавайӣ ҷойгир аст. Аз 8 атолл ва 2 рифи зериобӣ иборат аст. Масоҳати умумии он тақрибан 29 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ба Ҷумҳурии Кирибатӣ тааллуқ дорад.

Дар ғарби галаҷазира ҷазираҳои Гилберт, дар шарқ ҷазираҳои Лайн (Спорадҳои Полинезияи Марказӣ) ҷойгиранд.

Ҷазираҳо дар қисми марказии кишвар ҷойгиранд. Растаниҳои онҳо ба ҷазираҳои ҳамсояи Гилберт ва Лайн монанд аст: палмаҳои кокос (баъзеҳо плантатсияҳо доштанд), мессершмидия ва дигар растаниҳои алафӣ. Ягона ҳайвоноти ширхӯр дар ҷазира каламушҳои полинезиягӣ мебошанд, ки одамон ба ин ҷо овардаанд. Обҳои соҳилӣ аз моҳӣ бой мебошанд. Бисёре аз ҷазираҳои галаҷазираи Финикс макони лона кардани паррандаҳои баҳрӣ мебошанд. Ҷазираҳои Бирнӣ, Мак-Кин ва Равакӣ (Феникс) захираҳои баҳрӣ ба ҳисоб мераванд.

Аз 28 январи соли 2008 Ҷазираҳои Финикс мамнӯъгоҳи табиӣ буда, яке аз калонтарин дар ҷаҳон (масоҳаташ 410,500 км²) мебошад. Соли 2010 қаламрави он ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шуд.

Атолл/Ҷазира/РифМасоҳати ҷазираҳо,
км²
Лагуна,
км²
Аҳолӣ,
наф. (2010)
КоординатҲолат

Атоллҳо

Абариринга (Кантон)9,1550312°50′ а. ҷ. 171°43′ т. ғ.HGЯOКирибатӣ
Бирнӣ0,20,02* —3°35′ а. ҷ. 171°31′ т. ғ.HGЯOКирибатӣ
Мак-Кин0,570,2* —3°36′ а. ҷ. 174°08′ т. ғ.HGЯOКирибатӣ
Манра (Сиднӣ)4,42,2* —4°27′ а. ҷ. 171°15′ т. ғ.HGЯOКирибатӣ
Никумароро (Гарднер)4,14 —4°40′ а. ҷ. 174°31′ т. ғ.HGЯOКирибатӣ
Орона (Ҳулл)3,930 —4°30′ а. ҷ. 172°10′ т. ғ.HGЯOКирибатӣ
Равакӣ (Феникс)0,50,5 —3°43′ а. ҷ. 170°43′ т. ғ.HGЯOКирибатӣ
Эндерберӣ5,10,6* —3°08′ а. ҷ. 171°05′ т. ғ.HGЯOКирибатӣ

Рифҳои зериобӣ

Каронделет —? —1°36′ а. ҷ. 174°57′ т. ғ.HGЯOКирибатӣ
Уинслоу —1 —5°34′ а. ҷ. 173°51′ т. ғ.HGЯOКирибатӣ
Ҷазираҳои Феникс27,9284,531
* Минтақаҳои лагунае, ки бо ситорача нишон дода шудаанд, ба минтақаҳои ҷазира дохил мешаванд, зеро обҳои онҳо, бар хилофи атолҳои маъмулӣ, аз уқёнус комилан ҷудо шудаанд.

Таърихи аввали ҷазираҳо омӯхта нашудааст. Чизе ки маълум аст, дар ҷазираи Манра (Сидней) пеш аз аврупоиҳо [[полинезиҳо)) зиндагӣ мекарданд (ба ин бозёфтҳои галагазираҳои ҷазира шаҳодат медиҳанд). Ҷазираҳои Финиксро киштиҳои аврупоӣ ва асрикоӣ дар асри XIX кашф кардаанд. Баъдан, онҳо объекти таваҷҷӯҳи ширкатҳое буданд, ки дар истихроҷи гуано дар ҷазираҳои уқёнуси Ором машғуланд. Ин ба олами набототу ҳайвоноти ҷазираҳо зарари калон расонд.

Пеш аз истиқлолияти Кирибатӣ 12 июли соли 1979 ҷазираҳои Финикс ба Британияи Кабир тааллуқ доштанд[2][3].

Ҳама ҷазираҳои архипелаг, ба истиснои ҷазираи Кантон, ки дар он тақрибан 40 нафар зиндагӣ мекунанд (2010), беодаманд[4].