Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷамоати Деҳқонобод — ҷамоатест дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон, ки тобеи марказ мебошад.
Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод — соли 1965 бо
Фармони Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоыикистон аз ҳисоби
ҳудуди маъмурии ҷамоатҳои Ҳисор, Хонақоҳ ва
Қарамқул ташкил дода шудааст. То соли 1986 ба ҳудуди
Ҷамоати Деҳқнобод 16 деҳа шомил буд. Соли 1986 баҳри
васеъ кардани ҳудуди маъмурии посёлкаи т. ш.Ҳисор
деҳаҳои Белайдуз, Правда Востока, Пахтаобод ба
ҳудуди шаҳри Ҳисор, деҳаи Гулмайдон ба ҳудуди маъмурии
деҳоти Ҳисор ҳамроҳ карда шуданд. Дар айни замон ба
ҳудуди маъмурии Ҷамоат деҳаҳои зерин дохил мешаванд:
Аминиён (Бесимас), Бағалак, Гачак, Деҳқонобод,
Лангар, Латтабанд, Муъминобод (Қулмунда), Содиқӣ,
Хоҷамӯсо, Чилчинор (Булоқчинор), Шодмон (Роҳи
Ленин). Ҷамоат 2880 хоҷагӣ ва 20533 нафар аҳолӣ дорад.
Дар ҳудуди Ҷамоат 1 хоҷагии ҷамоавии Кооперативи
истеҳсолии Латиф Муродов фаъолият дорад, ки ба
тухмипарварӣ ва зотпарварӣ машғул мебошад, дар
фермаи чорводорияш шир ва гӯшт истеҳсол мекунад.
Хоҷагӣ соли 1951 аз ҳисоби муттаҳид кардани хоҷагиҳои
хурд ташкил ёфт, ки номи Сталинро дошт, соли 1965
номи «Съезди XXII партия»-ро гирифт. Хоҷагӣ
дорои 1127 га замини корами обӣ ва 481 га замини
лалмӣ мебошад.[1]
- Ф.Азиз, С.Одина.Ҳисори Шодмон: аз бостон то ин замон. — Душанбе,2013;
- Ш.Неъматова,М.Асроров, Маҳфузгарони таърих. — Душанбе,2010;
- С.Одина. Зилзилаи Ҳисор. — Душанбе, 2009.
- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 555—556