Деҳқонобод (деҳа, н. Ҳисор)
| Деҳа | |
Деҳқонобод | |
|---|---|
| | |
| Кишвар |
|
| Вилоят | НТҶ |
| Ноҳия | Ҳисор |
| Ҷамоат | Деҳоти Деҳқонобод |
| Таърих ва ҷуғрофиё | |
| Аҳолӣ | |
| Аҳолӣ | 1359 тан (2017) |
| Миллият | тоҷикон |
| Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
| Забони расмӣ | тоҷикӣ |
| Шиносаҳои ададӣ | |
| Пешшумораи телефон | +992 3139 |
| Нишонаи почта | 735020 |
Деҳқонобод — деҳа ва маркази ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Ҳисор. Аз Деҳқонобод то маркази ноҳия 1 км. Аҳолиаш — 1578 нафар (2022[1]; 1359 нафар — 2017)[2], тоҷикон.
Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]
Аз маркази Деҳқонобод роҳи калони мошингарди Ҳисор-Душанбе мегузарад. Канали калони Ҳисор Деҳқонободро аз деҳаи Хоҷамӯсо ва шаҳри Ҳисор ҷудо мекунад.
Мардум
[вироиш | вироиши манбаъ]Деҳқонобод 1208 хоҷагӣ ва 1265 нафар аҳолӣ дорад, ки қисме солҳои 30-юм аз Фарғона муҳоҷир шуда омадаанд. Мардум асосан ба сабзавоткориву савдогарӣ машғуланд. Барои зироаткорӣ аз оби дарё Чангоб истифода мебаранд, оби нӯшокӣ ба воситаи насоси обкашӣ таъмин карда мешавад.
Иқтисод
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Деҳқонобод як маркази саломатӣ ва дармонгоҳи дандонпизишкӣ, ду масҷиди панҷвақта амал мекунанд, маркази хидматрасонии техникии худравҳо ва нуқтаи фурӯши газ мавҷуд аст, хоҷагии деҳқонии «Азиз-94» фаъолият мекунад[3].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод – hisor.tj (tj). 15 октябри 2023 санҷида шуд.
- ↑ Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
- ↑ Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 237