Аминиён

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Аминиён
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Ҷамоат Деҳоти Деҳқонобод
Номҳои пешина Бессимас
Забони расмӣ тоҷикӣ
Аҳолӣ 956 нафар (2017)
Ҳайати миллӣ тоҷикон
Ҳайати динӣ мусулмонони ҳанафимазҳаб
Коди телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020
Коди мошин TJ07

Аминиён (собиқ Бессимас) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Ҳисор. Аҳолиаш 956 нафар (2017)[1], тоҷикон.

Ҷуғрофиё[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар миёни қаторкӯҳи ба ҳам наздик Боботоғ ва Қаршитоғ, ки аз байнашон дарёи Кофарниҳон ҷорист, боду ҳавои мусаффо дорад. Аминиён аз маркази ҷамоат 21 км ва аз маркази ноҳия 19 км дур, рӯ ба рӯйи деҳаи Латтабанд воқеъ гардидааст.

Ном[вироиш | вироиши манбаъ]

Вожаи «Бессимас» муғулист, аслан «биясиғмас»-«байтал нағунҷид» ё худ «ҷойи асппарварӣ»-ро ифода мекунад.

Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Аминиён мардум ба деҳқонӣ, косибӣ, ҷувозкашӣ ва чорводорӣ машғуланд, масҷиди панҷвақта амал мекунад, 121 хоҷагиву 840 нафар аҳолӣ дорад. Заминҳояш асосан лалмиянд, ба баъзе қитъаҳои замин бо воситаи насос аз д. Кофарниҳон об мебароранд ва истеъмол ҳам мекунанд. Мардум дар солҳои пешин бо одамони донишманд ва фозилу доно ҳамсуҳбат мешуданд ва гоҳ-гоҳе дар хонадони бобои Ортиқ шабнишиниҳо ташкил мешуд ва бобои мулло Сафо ва Карим Девонаро, ки аслан шӯриёнӣ мебошад, таклиф намуда, хурсандиҳо ташкил мекарданд. Соли 1951 як гурӯҳ сокинони Аминиён барои обод кардани водии Вахш муҳоҷир шуданд[2].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  2. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — С. 119