Ҷефф Безос

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҷеффрӣ Безос)
Jump to navigation Jump to search
Ҷефф Безос
англ. Jeff Bezos
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд англ. Jeffrey Preston Jorgensen
Таърихи таваллуд 12 январ 1964(1964-01-12)[1][2][3][…] (57 сол)
Зодгоҳ Албукерке, Ню-Мексико, ИМА
Кишвар
Пеша муҳандиси роёна, соҳибкор
Модар Jacklyn Gise[d]
Ҳамсар MacKenzie Scott[d][2][4]
Фарзанд Preston Bezos[d], Q102433548?, Q102433555? ва Q102433590?
Ҷоизаҳо
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷе́ффри Престон «Ҷефф» Бе́зос (англ. Jeffrey Preston «Jeff» Bezos; тав. 12 январи соли 1964, Албукерке, Ню-Мексико, ИМА) — соҳибкори амрикоӣ, асосгузор ва роҳбари интернет-ширкати Amazon.com, асосгузор ва молики ширкати ҳаво-кайҳонии Blue Origin[5] ва молики хонаи нашриявии The Washington Post[6].

Дар соли 2017 шахси сарватмандтарини олам ар рӯи маҷаллаи Forbes гашта, ҷойи аввалро бо дороии $90,5 млрд ишғол кард.[7] Дар охири моҳи августи соли 2020 дороии Безос $204,6 млрд-ро ташкил кард ва ҳамингуна ӯ аввалин шахсе дар таърих гашт, ки дороияш аз $200 млрд гузашт.[8]

Дар моҳи январи соли 2021 дар рӯйхати сарватмандтарин шахсон CEO-и ширкати Tesla ва асосгузори ширкати SpaceX Илон Маск ҷойи ӯро ишғол кард.[9] Дороии Безос $185 млрд баҳогузорӣ карда мешавад.

Зиндагинома[вироиш]

Вақте ки Ҷефф чорсола буд, модараш бо муҳоҷири кубагӣ Мигел Безоси хурдӣ, ки писаракро ба фарзандӣ қабул карда буд, издивоҷ кард.

Ҷефф бо баҳои аъло Донишгоҳи Пристонро дар соли 1986 бо дараҷаи муҳандиси барқ ва илмҳои компютерӣ хатм кард[10]. То оғози соли 1994 аз рӯи ихтисосаш дар вазифаҳои гуногун дар Уолл-стрит кор мекард[11]. Баъдтар ӯ вазифиаи ноиби президентро дар ширкати D. E. Shaw & Co соҳиб шуд, ва онҷоро тобистони соли 1994 тарк кард[12].

Дар охири соли 1994, ҳангоми сафар аз Ню-Йорк ба Сиэтл, Безос интернет-мағозаи Amazon.com-ро таъсис дод, ки саҳмгузории аввалинааш ба 300 ҳазор доллар рост меомад[13]. Сомона 16 июли 1995 ба фаъолият шурӯъ намуд, гарчанде ки то он вақт он то ҳол ҳам нотамом буд: мисол, дар он миқдори манфии (-) китоб фармоиш дод. Безос инро барои аз рақибонаш пешсафтар шудан ворид намуда будааст[12]. Ширкат кори худро чун онлайн-мағозаи китоб сар карда, то ба фурӯши меваҷоту хизматрасониҳо, видео- ва аудиопахшҳо васеъ шудааст. Дар с. 1997 ширкат ба IPO баромад. Дар соли 1999 маҷаллаи амрикоии Time Безосро шахси сол номид[14].

Безос соҳаи тиҷории худро дар соли 2000 васеъ дода, ширкати ҳавовукайҳонии Blue Origin-ро таъсис дод[15]. Blue Origin парвозҳои санҷиширо ба кайҳон дар соли 2015 оғоз кард, ва дар он вақт пешбинӣ шуда буд, ки тиҷорати парвозҳои суборбиталиро бо иштироки одамон дар охири 2018 оғоз мекунанд. Дар охири соли 2013 соҳибкор бо нархи 250 млн доллар хонаи ноширии амрикоии The Washington Post-ро харид[16]. Безос сармоягузориҳои дигари тиҷории худро тариқи фонди венчурии худ Bezos Expeditions идора мекунад.

24 ноябри соли 2017 шахси сарватмандтарини олам бо дороии $100,3 млрд шуд. Ба вазъи 10 январи 2018 дороияш ба $106 млрд расид[17].

То моҳи июни соли 2018 дороии Безос то $139,6 млрд доллар боло рафт — ӯ сатри аввали рейтинги Bloomberg Billionaires Index-ро забт кард. Тибқи маълумоти Forbes дар рӯйхати одамони сертаъсири соли 2018 Безос дар ҷои 5-ум меистад[18].

16 июли соли 2018 Безос ҷои аввалро дар рӯйхати одамони сарватмандтарин аз рӯи натиҷаи оҷонсии Bloomberg бт дороии $150 млрд доллари ИМА еасб кард[19].

Дар як саҳнаи филми «Стартрек: Абадият» дар нақши аҷнабӣ аз сайёраи дигар нақшбозӣ кардааст[20].

9 январи 2019 Безос дар бораи ҷудошавӣ бо ҳамсараш Маккензи Безос баъди 25 соли зиндагии ҳамроҳ хабаре эълон кард[21]. Дар он замон Безос шахси сарватмандтарини олам буд. Дар моҳи апрели ҳамон сол онҳо расман ҷудо шуданд: ҳамсари собиқи миллиардер срҳиби 4 % саҳмияҳои (19,7 млн) Amazon шуд, ки нархи бозории онҳо ҳангоми таваллуд $37,5 млрд-ро ташкил медод.

Рейтинги Форбс[вироиш]

Ҷефф Безос аввалин бор дар рӯйхати Форбс соли 1999 бо дороии 10,1 миллиард доллар пайдо шуд. Дар давоми даҳ сол сарваташ аз ин зиёд намешуд, аммо дар соли 2010 афзоиши босуръат оғоз ёфт, ки ӯро дар соли 2018 шахси сарватмандтарин аз рӯи натиҷаи Форбс кард (112 млрд. долл.).

Сармояи Ҷефф Безос асосан аз саҳмияҳои ширкати Amazon-аш иборат аст. Тибқи листинги расмии биржавӣ[22], ба вазъи 1 декабри 2020 ӯ соҳиби 53 474 763 саҳмияҳои ширкат, яъне 10%-и ҳамаи саҳмияҳо аст.

Мақоми Ҷефф Безос дар Рейтинги Форбс[23]
Сол Пой дар

рейтинг

в рейтинге

Сармоя,

млрд.$

Тағйирот,

млрд $

1999 н/д 10,1 -
2000 н/д 6,1 -4
2001 н/д 2,0 -4,1
2002 н/д 1,5 -0,5
2003 н/д 2,5 +1
2004 82 5,1 +2,6
2005 136 4,1 -1
2006 н/д 4,3 +0,2
2007 н/д 8,7 +4,4
2008 н/д 8,2 -0,5
2009 68 6,8 -1,4
2010 43 12,6 +5,8
2011 30 18,1 +5,5
2012 26 18,4 +0,3
2013 19 25,2 +6,8
2014 18 32 +6,8
2015 15 34,8 +2,8
2016 5 45,2 +10,4
2017 3 72,8 +27,6
2018 1 112 +39,2
2019 1 131 +19
2020 1 113 -18

Эзоҳ[вироиш]

  1. Internet Movie Database (ингл.) — 1990.
  2. 2.0 2.1 2.2 Thefamouspeople.com
  3. Munzinger Archiv (нем.) — 1913.
  4. Jeff Bezos and MacKenzie Bezos have finalized their divorce, and he's getting 75% of the Amazon shares and voting control of the rest (ингл.) // Business Insider / H. BlodgetNYC: 2019.
  5. Простые лица: Джефри Безос, $8,7 млрд (35-е место) Бойгонӣ шудааст 27 марти 2015  сол.. // Forbes Россия № 12 (45), декабрь 2007.
  6. Основатель Amazon купил за 250 млн долларов The Washington Post(пайванди дастнорас — таърих). Cybersecurity. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 августи 2013.
  7. Джефф Безос стал самым богатым человеком в мире(рус.). Forbes.ru. 7 январи 2021 санҷида шуд.
  8. Jonathan Ponciano. Jeff Bezos Becomes The First Person Ever Worth $200 Billion(англ.). Forbes. 7 январи 2021 санҷида шуд.
  9. Sergei Klebnikov. Elon Musk Is Now The Richest Person In The World, Officially Surpassing Jeff Bezos(англ.). Forbes. 10 январи 2021 санҷида шуд.
  10. Jeff and MacKenzie Bezos donate $15 million to create center in Princeton Neuroscience Institute(англ.). Princeton University. 12 феврали 2020 санҷида шуд.
  11. Jeff Bezos Biography. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 марти 2012.
  12. 12.0 12.1 Jeff Bezos of Amazon: Birth of a Salesman. The Wall Street Journal. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 марти 2012.
  13. Amazon.bomb: How the internet's biggest success story turned sour. The Guardian (27 июни 2000). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 марти 2012.
  14. Jeffrey Preston Bezos: 1999 PERSON OF THE YEAR. Time magazine. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 марти 2012.
  15. Простые лица: Джефри Безос, $8,7 млрд (35-е место) Бойгонӣ шудааст 27 марти 2015  сол.. // Forbes Россия № 12 (45), декабрь 2007.
  16. Основатель Amazon купил за 250 млн долларов The Washington Post(пайванди дастнорас — таърих). Cybersecurity. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 августи 2013.
  17. Jeff Bezos’s Net Worth Just Broke $100 Billion, Bloomberg.com (24 ноябри 2017). Бойгонӣ шудааст 25 ноябри 2017  сол. Проверено 25 ноябри 2017.
  18. Forbes — самые влиятельные люди мира 2018.
  19. Кто такой Джефф Безос: биография и секреты успеха самого богатого человека планеты(рус.), 24tv.ua. Проверено 14 октябри 2019.
  20. Основатель Amazon сыграл инопланетянина в новом «Стартреке» Бойгонӣ шудааст 19 июли 2016  сол.
  21. Jeff Bezos. @JeffBezos. @JeffBezos (9 январи 2019). 10 январи 2019 санҷида шуд.
  22. Openinsider - Insider Trading Screener (English).
  23. Форбс 2020 - самые богатые люди мира (Русский). Stevsky.ru (27.12.2020).