Ҷовид Муқим
Ҷовид Муқим | |
|---|---|
| Муқимов Муҳаммадӣ Аминович | |
| Ҷовид Муқим дар соли 2012. | |
| Таърихи таваллуд | 7 феврали 1961 (65 сол) |
| Зодгоҳ | Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Кишвар |
|
| Фазои илмӣ | филология |
| Ҷойҳои кор |
Рӯзномаи «Тоҷикистон» «Паёми Душанбе» Ҳафтаномаи «Нерӯи сухан» Радиои Тоҷикистон Радиои Озодӣ/Аврупои Озод Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
| Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
| Унвонҳои илмӣ | профессор |
| Алма-матер |
Донишкадаи иқтисоди Университети Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1986), Донишкадаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (1992) |
| Вебгоҳ | jovidmuqim.wordpress.com |
Ҷовид Муқим (Муқимов Муҳаммадӣ Аминович; 7 феврали 1961[1]; Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС) — донишманд, рӯзноманигор ва нависандаи тоҷик, доктори илмҳои филология (2006), профессор (2023), узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон (1990), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2015).
Таҳсилот
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷовид Муқим 7 феврали соли 1961 дар деҳаи Чузии ноҳияи Ҳисор (ҳоло Шаҳринав) ба дунё омадааст. Соли 1967 мактаби миёнаи № 16 ноҳияи Ҳисорро хатм кардааст[2].
Соли 1977 ба донишкадаи барномарезӣ ва иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин дохил шуда, онро соли 1986 бо тахассуси иқтисоддон хатм кардааст. Ҳамзамон солҳои 1982—1984 хидмати низомиро дар Афғонистон анҷом додааст[3].
Соли 1987 дар заминаи донишкадаи филолгияи тоҷики ДДТ ба номи В. И. Ленин шуъбаи журналистика дуюмбора таъсис меёбад, ки Ҷовид яке аз довталабони он мегардад ва соли 1992 донишкадаи журналистикаро хатм мекунад.
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз соли 1984 бозраси Раёсати назорату меъёрии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, соли 1989 мухбири рӯзномаи «Паёми Душанбе», соли 1992 мухбири ҳафтаномаи «Тоҷикистон», аз соли 1992—2000 муҳаррир, муовини сармуҳаррири сарредакцияи иқтисоди «Радиои Тоҷикистон», аз соли 2000 то 2003 муҳаррири нашриёти «Нодир», соли 2000 муаллими калони кафедраи телевизион ва радиои ДМТ, соли 2004 донишёри кафедраи журналистикаи байнулмилалӣ ДМТ, аз соли 2005 то 2006 докторанти кафедраи журналистикаи байнулмилалӣ ДМТ, солҳои 2006—2010 донишёри кафедраи журналистикаи байнулмилали ДМТ, аз соли 2010 то имрӯз профессори кафедраи журналистикаи байнулмилали ДМТ.
Ӯ соли 2007 маҳфили «Анис»-ро дар ДМТ таъсис дод, ки бе вақфа то кунун фаъолият дорад.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷовид Муқим муаллифи 2 китоби дарсӣ ва 11 дастури таълимӣ («Гендер ва журналистика» (2006), «Матбуоти тоҷик ва масоили гендерӣ» (2007 бо ҳаммуалифӣ), «Дастур барои радиожурналистони ҷавон» (2008), «Таърихи журналистикаи кишварҳои хориҷӣ» (2011 бо ҳаммуалифӣ), «Мусоҳиба ва техникаи таҳияи он» (2013), «Буҷаи давлатӣ ва журналистика» (2015), «Журналистикаи мултимедиявӣ» (2016)), 6 монография («Ҳақиқат ва дурӯғ» (2000), «Мақоми жанрҳо дар Радиои „Озодӣ“ (2000), Радио „Свобода“: ложь и правда» (2005), «Радиои Би-Би-Си: дирӯз ва имрӯз» (2006), «Сиёсат ва ҷанги иттилоотӣ» (2006), инчунин беш аз 110 мақолаи илмӣ, 6 китоби бадеӣ мебошад.
Рӯзноманигорӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷовид Муқим аз соли 1990 узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон буда, ба қалами ӯ беш аз 1000 маводи журналистӣ тааллуқ дорад.
Нависандагӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҷовид Муқим аз соли 2015 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад. Ӯ ба эҷоди бадеӣ низ машғул буда, 5 китоб («Вақте мард мегиряд» (2007), «Ишқи деромада» (2008) ва «Ишқи мӯйсафед» (2012), «Қасос» (2013), «Хиёнат» (2015) чоп кардааст ва аз соли 2015 мебошад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- 2010 — Аълочии матбуоти Тоҷикистон
- 2020 — Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Аз саҳифаи фейсбукии Ҷовид Муқим
- ↑ Устодони факултети журналистика. 7 феврали 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 18 феврали 2025.
- ↑ Саъдулло Ҳайдарӣ. Дӯсти дастбакори ман (ru-RU). Jovidmuqim's Blog. 7 феврали 2025 санҷида шуд.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ҷовид Муқим дар шабакаи иҷтимоии Facebook
- Блоги шахсии Ҷовид Муқим дар Wordpress
- Ҷовид Муқим // Сомонаи расмиии факултаи журналистикаи ДМТ Бойгонӣ шудааст 13 марти 2017 сол.