Jump to content

Ҷонибеки Акобир

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ҷонибек Акобиров)
Ҷонибеки Акобир
Ҷонибеки Акобир
Таърихи таваллуд: 5 ноябр 1952(1952-11-05)
Зодгоҳ: ноҳияи Дарбанд
Таърихи даргузашт: 25 июл 2014(2014-07-25) (61 сол)
Навъи фаъолият: нависанда, тарҷумон

Ҷонибеки Акобир (5 ноябр 1952, райони Дарбанд25 июл 2014) — нависанда, тарҷумон, Нависандаи халқии Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1984)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷонибеки Акобир 5 ноябри соли 1952 дар деҳаи Рӯшании ноҳияи Дарбанд (собиқ Комсомолобод) ба ҷаҳон омадааст. Маълумоти миёнаро дар мактаб-интернати №2 шаҳри Душанбе гирифта, баъди адои хидмати ҳарбӣ факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (1986) хатм кардааст. Муддате коргари фабрикаи қаннодии «Ширин», баъдан мусаҳҳеҳи нашриёти «Ирфон» (1971-1978), мухбири ТоҷикТА (1978-1980), мухбири рӯзномаи «Маданияти Тоҷикистон» (1980-1983), корманди ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» (1983-1985) ва журнали «Садои Шарқ» будааст. Соли 1992 дар Дафтари матбуоти Шӯрои Олии ҷумҳурӣ, соли 1993 дар вазифаи сармуҳаррири моҳномаи «Фарҳанг» кор карда, аз соли 1997 то дами фавташ (2014) сармуҳаррири моҳномаи «Садои Шарқ» будааст.

Оғози фаъолияти эҷодии ӯ ба миёнаи солҳои ҳафтодуми асри гузашта рост омада, силсилаи ҳикоёти ӯ дар матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои «Дунё ба умед» (1983), «Хирмани ситора» (1985), «Кӯҳистонӣ» (1987), қиссаи «Бозии тақдир» ва ҳикояҳои наваш дар китоби «Пазмонӣ» (1990), «Оҳанги дареғ» (2003) ва «Қаламҳои кӯҳистонӣ» (2012) манзури ҳаводорони каломи бадеъ гардидаанд. Асарҳои алоҳидаи Ҷонибеки Акобир ба забонҳои русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, олмонӣ, ветнамӣ ва ғ. тарҷума ва чоп шудаанд. Тарҷумаи қиссаи И.Тургенев «Фауст», ҳикояҳои алоҳидаи А.Шукшин, новеллаҳои чехӣ, афсонаҳои маҷорӣ, силсилаи ҳикояҳои адиби югославӣ И.Андрич, қиссаи нависандаи румин И.Биэшу «Майор ва марг», романи П.Проскурин «Решаҳои урён» ба қалами ӯ тааллуқ доранд.

  • Ҷоизаи комсомоли ленинии Тоҷикистон (1990);
  • Ҷоизаи ба номи Садриддин Айнӣ (2005);
  • Ҷоизаи байналмилалии адибони форсизабон «Ялдо» (2004).[1]
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. – Душанбе, «Адиб», 2014, – с. 34 ISBN 978-99947-2-379-9