Ӯктам Бобоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ӯктам Бобоев
Ӯктам Ҷураевич Бобоев
Санаи таваллуд:

25 ноябр 1932(1932-11-25)

Зодгоҳ:

Душанбе, ҶШС Тоҷикистон СССР

Санаи марг:

30 март 2001(2001-03-30) (68 сол)

Маҳалли марг:

Хуҷанд, Тоҷикистон

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

таърих

Ҷойҳои кор:

Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон, Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои таърих

Унвонҳои илмӣ:

профессор

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин

Ҷоизаҳо:

Аълочии маорифи Тоҷикистон

Бобоев Ӯктам Ҷӯраевич (25 ноябри 1932, Душанбе — 30 марти 2001, Хуҷанд) — муаррих ва бостоншиноси тоҷик, доктори илмҳои таърих (1989), профессор (1994).

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) (1958) ва аспирантураи Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1958—1961), ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва этнографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1966—1970), дотсенти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1970—1981). Бобоев устоди Донишогоҳи Кобули кишвари Афғонистон (1981—1984), дотсенти Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1984—1987), мудири лаб. илмӣ-таҳқиқотии бостоншиносӣ, мардумшиносӣ ва фолклори тоҷики ДДТ ба номи В. И. Ленин (1987—1993), корманди пешбари илмии шуъбаи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Маркази илмии хуҷандии Академияи илмҳои Тоҷикистон (1993—1994), профессори. кафедраи илмҳои ҷамъиятшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд (1994—1995), мудири кафедраҳои илмҳои ҷамъиятшииносӣ ва сипас кафедраи таърих ва фарҳанги халқи тоҷик (1995—2001) дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд буд.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Бобоев дар солҳои 60 ва 70-и асри XX дар кори экспедитсияҳои бостоншиносии ИҶШС ва Афғонистон ширкат намудаст. Ӯ бештар аз 200 рисолаву мақола, дастурҳои таълимӣ, барномаҳои таълимӣ, мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ роҷеъ ба бостоншиносӣ, таърих, мардумшиносӣ ва равобити илмҳои таърих бо илмҳои дигар навиштааст. Дар рисо­лаҳо ва мақолаҳои илмии Бобоев масъалаҳои гуногуни таърихи халқи тоҷик, бахусус натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ дар Вахон, Помири Ғарбӣ ва асосу усулҳои назарияи бостоншиносӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Бобоев иштирокчии бисёр конфренсияҳои илмӣназариявӣ ва байналмиллалӣ дар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ва берун аз он мебошад. Баъзе асару мақолаҳояш дар Афғонистону Покистон ба табъ расидаанд.

Осор[вироиш]

  • Крепости древнего Вахана. — Душанбе, 1973;
  • Программа по археологии Афганистана. — Кабул, 1982 (соавтор, наязыке дари);
  • Методи ковишҳои бос­тоншиносӣ. — Кобул, 1983;
  • Асосҳои бостоншиносӣ. — Кобул, 1983;
  • Археология Афганистана. — Кобул, 1984 (на языке дари) (соавтор);
  • Бос­тоншиносии Афғонистон. — Кобул, 1984;
  • Археология динро фош мекунад. — Д., 1988;
  • К истории государства, пра­ва и дипломатии. — Худжанд, 1997;
  • Историко-археологический очерк Западного Памира: Дисс…доктора историч. наук. — Новосибирск, 1989;
  • Археология Памира. Программа и методические рекомендации. — Д., 1991;
  • К истории государства, права и дипломатии. — Х., 1997;
  • Мероси таърихи ниёгон. — Хуҷанд, 2000;
  • Авеста: по следам древнейшей цивилизации таджиков. — Худжанд, 2001;
  • Древние земледельцы «Крыши мира». — Худжанд, 2006.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

Бобоев Ӯктам / Р. Раҳмонӣ // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.