GIZ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
GIZ
Маркази маъмурӣ
Намуди созмон state-owned enterprise[d], development agency[d] ва aid agency[d]
Санаи таъсис 1 январ 2011
Веб-сайт giz.de
 Парвандаҳо дар Викианбор

ГИЗ, GIZ (олмонӣ: Deutsche Gesellschaft für Internationale Zusammenarbeit (GIZ) GmbH) дар Тоҷикистон — намояндагии Созмони олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ГИЗ созмони умумиолмонии рушди ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ мебошад. Соли 1975 таъсис ёфтааст. Фаъолияти ГИЗ дар ҳамкории зич бо Вазорати ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Ҷумҳурии Федеративии Олмон (ҶФО) ба роҳ монда шудааст. Созмон дар ҳама музофотҳои Олмон ва бештар аз 130 кишвари ҷаҳон фаъолият дорад. Мақомоти роҳбарикунандаи созмон дар ш. Эшборн (наздикии Франкфурти лаби Майн) ва ш. Бонн ҷойгир аст. Шумораи умумии кормандони ГИЗ соли 2014 аз 17 ҳазор нафар иборат буд, ки аз ин миқдор 70%-ро мутахассисони олмонӣ ташкил медиҳанд. Буҷаи ГИЗ дар соли 2013 бештар аз 2 млрд евроро ташкил дода буд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии ГИЗ аз соли 2008 фаъолият дорад. Самтҳои асосии фаъолияти ГИЗ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: саҳмгузорӣ дар барқарор намудани иқтисодиёт; мусоидат дар гузаронидани ислоҳот дар соҳаҳои асосии иқтисодиёт ва идоракунии он; расонидани ёрӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ; таъмини рушди босуботи иқтисодӣ; азнавсозии фаъолияти муассисаҳои тиббӣ ва ғ. Соли 2014 ГИЗ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ намудани 17 лоиҳаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ саҳмгузор буд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]