Iamdifferent

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Iamdifferent
Навъ ширкат[d]
Таъсисёбӣ 16 апрел 2010
Бунёнгузорон Дилшод Ҷӯразода
Макон Душанбе, Хиёбони Рӯдакӣ 88
Афроди калидӣ Мирзоев Ҷаҳонгир Шералиевич (роҳбари ширкат)
Бахш Истеҳсоли либосҳои рӯзмарра ва варзишӣ
Маҳсулот Casual
Сайт iamdifferent.store

iamdifferent — бренди миллии тарроҳии либос дар Тоҷикистон.

Таърихи таъсис[вироиш | вироиши манбаъ]

iamdifferent дар 16 апрели соли 2010 таъсис шуда дар бештар аз 10 соли фаъолият яке аз пешгомон ва навоварони санъати духтудӯз дар Тоҷикистон ба шумор меравад[1][2].

Ҳамкориҳо ва тавлидот[вироиш | вироиши манбаъ]

iamdifferent бо корхонаҳои нассоҷӣ дар Ӯзбекистон, Чин ва Туркия, ки ба хайётӣ машғул ҳастанд қарордод дорад. Тарроҳӣ ва дӯхти ҳар маҳсул аз маҷмӯъаи нав ҳудуди 2 то 3 ҳафта тӯл мекашад[2]. Либосҳо умдатан ба сабки аврупоӣ, вале бо такя бар зеҳнияти маҳаллӣ сохта мешаванд. iamdifferent баёни афкори фардро дар зоҳираш медонад[3] ва ибрози назар, шахсият, фардият ва баёни муносибати шахсро аз тариқи либос ва лавозимот пешниҳод мекунад.

Яке аз вежагиҳои боризи либосҳои брендӣ корбурд аз нақшунигори миллии тоҷикӣ аст. Либосҳо ягонаву ҷолиб ба назар мерасанд ва таваҷҷуҳи сокинон маҳаллӣ ва меҳмонони хориҷии Душанберо ба худ ҷалб мекунанд[2].

Либосҳои расмии варзишӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Яке аз самтҳои ширкат тарроҳӣ ва пешниҳод кардани либосҳои варзишӣ аст. iamdifferent таъмингари расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон бо атрибутикаи футболӣ[4] ва дастаи мунтахаби олимпии ҷумҳурӣ бо маҷмӯъи либосҳо ва лавозимоти варзишӣ мебошад[5][6].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 20 ЛУЧШИХ ПРОДУКТОВ ИЗ ЦЕНТРАЛЬНОЙ АЗИИ, ЗА КОТОРЫЕ НЕ СТЫДНО(англ.). akhbor-rus.com. 8 феврали 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 феврали 2022.
  2. 2.0 2.1 2.2 Таджикский бренд iamdifferent создал форму для олимпийской сборной Таджикистана. asiaplustj.info. ASIA-Plus (17 июли 2021). 19 Январ 2022 санҷида шуд.
  3. iamdifferent store. О Нас. iamdifferent.store. 19 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 Январ 2022.
  4. Атрибутикаҳои футболӣ дастраси мухлисони мунтахаби Тоҷикистон мешаванд(тоҷ.). Федератсияи футболи Тоҷикистон (2 сентябри 2015). 19 Январ 2022 санҷида шуд.
  5. Sputnik Тоҷикистон. "Iamdifferent" либоси ягонаи тими миллии Тоҷикистонро омода мекунад(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (4 апрели 2020). 19 Январ 2022 санҷида шуд.
  6. Либоси варзишӣ ва расмии тими олимпии Тоҷикистон рӯнамоӣ шуд. asiaplustj.info. ASIA-Plus. 19 Январ 2022 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]