Snickers
Snickers (англ. Snickers [snɪkərz], тоҷ. «Сникерс») — тамғаи маснуоти қаннодӣ бо шоколад, финдуқи заминӣ (инчунин бо донаҳои офтобпараст, бодом), карамел ва ҳалвои чормағзин, ки бо ширу шоколад пӯшонида шудааст. Фурӯши солонаи умумиҷаҳонии Snickers дар соли 2005 қариб 2 миллиард долларро ташкил дод.
Дар Бритониё, Ҷазираи Мен ва Ирландия то соли 1990 ин маҳсулот таҳти номи Marathon фурӯхта мешуд. Баъдтар ин маснуоти қаннодӣ дар тамоми ҷаҳон таҳти номи Snickers ба фурӯш бароварда шуд. Маснуоти қаннодии Snickers, нисбат ба дигар кишварҳои ҷаҳон, дар кишварҳои пасошӯравӣ бештар маъруфият дорад. Тамғаи тиҷоратии Snickers ба ширкати Mars Incorporated тааллуқ дорад. Таҳти ин тамғаи тиҷорати дигар маҳсулотҳо: яхмос (аз соли 1984) ва нӯшокиҳо низ истеҳсол мешаванд. Ин маснуоти қаннодиро дар кишварҳои гуногун бо ҳар навъ дарёфт карданд мумкин аст: масалан Snickers Egg ва Snickers бо хамираи финдуқи заминӣ. Қариб дар ҳама бозорҳои дунё Snickers бо шоколади сафед рӯйпӯшкардашударо дарёфт карданд мумкин аст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Маснуоти қаннодии Snickers аввалинбор дар ИМА, соли 1923 аз ҷониби қаннод Франклин Марс омода шудааст, аммо ба таври васеъ истеҳсолаш аз соли 1930 оғоз ёфт.
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Tim Richardson. Sweets: A History of Candy Sweets: A History of Candy. — Bloomsbury Publishing USA, 2008. — P. 10(англ.)
- Judy Ungar Franks, Media: From Chaos to Clarity. Marketing Democracy, 2011. — P. 48-49.