Jump to content

Western Union

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Western Union
Навъ ширкати тиҷорӣ, financial institution[d] ва ширкати саҳҳомии ом[d]
Таъсисёбӣ 8 апрел 1851 ва апрели 1856[1]
Бунёнгузорон Ezra Cornell[d], Samuel L. Selden[d], Hiram Sibley[d] ва Jeptha Wade[d]
Макон
Бахш financial services[d], financial sector[d] ва санъати мухобирот[d]
Сармояҳои хусусӣ
Гардиш
Шумораи кормандон
Ширкатҳои духтарӣ Western Union International Bank GmbH, organizační složka[d] ва American Telegraph & Cable Company[d]
Сайт westernunion.com(англ.)

The Western Union Company — ширкати амрикоии хидматрасонию миёнаравии пул.

Western Union соли 1851 бо номи «Wew York State Printing Telegraph Company» таъсис дода шудааст. Соли 1856 номи «Western Union Telegraph Company»-ро гирифт. Дар давоми се соли фаъолият (1851-1854) шумораи шуъбаҳои телеграфии Western Union аз 132 ба 4 ҳазор воҳид ва сармояаш аз 220 ҳазор то 48 млн доллар зиёд гардид. Western Union айни замон пешсафи бозори байналмилалии интиқоли пул ба ҳисоб меравад. Тибқи рейтинги маҷаллаи «Fortune 500», Western Union аз ҷиҳати даромаднокӣ дар ҷойи 451 қарор дорад. Даромади Western Union сол то сол бештар шуда, соли 2010 зиёда аз 4,9 млрд доллари ИМА-ро ташкил дод. Соли 2012 он беш аз 5,7 млрд долларро ташкил дода, фоидаи софаш ба 1,03 млрд доллар баробар шуд. Аввалин қароргоҳи Western Union ш. Porecmepu иёлати Ню-Йорк (1932) буд. Солҳои охир қароргоҳи Western Union дар шаҳри Гринвуд-Вилледжи иёлати Колорадо буда, қароргоҳи асосии хадамоти байналмилалии маркетинг ва тиҷоратиаш дар ш. Монт-Вейни иёлати Ню Ҷерси ҷойгир аст. Western Union дар як сол бештар аз 579 млн транзаксияҳои бонкӣ доир мекунад. Низоми интиқоли Western Union машҳуртарин низоми интиқолӣ бе кушодани ҳисоби бонкӣ ба ҳисоб рафта, дорои шабакаи васеи нуқтаҳои хидматрасонӣ дар 200 давлати дунё мебошад. Western Union беш аз 150 сол ба истифодабарандагон хидмат мерасонад. Муҳлати интиқоли пулии нуқтаҳои хидматрасонии Western Union аз якчанд дақ. то 48 соатро дар бар мегирад. Андозаи маблағи интиқолшаванда номаҳдуд буда, ҳаққи комиссиониро вобаста ба нақшаи тасдиқшудаи ҳаҷми маблағ муайян месозанд. Вобаста ба ҳаҷми маблағ тарифаи он тағйир меёбад.

Дар ибтидои соли 2013 Western Union қариб 510 ҳазор нуқтаи хидматрасонӣ дар зиёда аз 200 давлати ҷаҳон дошт. Соли 2012 Western Union 663 млн транзаксия доир кардааст. Шумораи шуъбаҳои он дар ҳудуди ИДМ зиёда аз 35 ҳазорро ташкил медиҳад.

Western Union дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Тоҷикистон 16 нуқтаи хидматрасонии Western Union фаъолият дорад (2013).