WhatsApp

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Логои ширкати WhatsApp
{{{ном}}}
Maintainer: WhatsApp Inc.
OS: 'Android, BlackBerry OS, BlackBerry 10, iOS, Nokia Series 40, Symbian (S60) и Asha, Windows Phone
Истифода: Мессенҷер
License: Проприетарӣ
Сомона: [whatsapp.com]

WhatsApp - мессенҷери проприетарӣ (шахсӣ) барои смартфонҳо мебошад. Бо воситаи он метавон паёмҳои матнӣ, тасвирот, видео ва аудиоро фиристод. Мизоҷон дар платформаҳои Android, BlackBerry OS, BlackBerry 10, iOS, Nokia Series 40, Symbian (S60) и Asha, Windows Phone кор мекунад. Ширкат аз тарафи Ян Кум ва Браян Эктон соли 2009 таъсис дода шудааст. Он дар Маунтин Вю, ИМА ҷойгир шудааст. Барои истифода соли аввал бепул аст, пас солона 0,99 доллари ИМА бозпардохт карда мешавад. Аллакай апрели соли 2012, бо боситаи WhatsApp рӯзона 2 миллиард, августи 2012 беш аз 10 миллиард ва июни 2013 беш аз 27 миллиард паёмҳо фиристода мешуданд. Ба ақидаи нашриёти Financial Times, барномаи WhatsApp низ бо SMS ҳамон хел корро мекунад, ки Skype бо зангҳои телефонии байналхалқӣ кардааст, яъне ҷояшро мегирад. Ҳамчунин мисли Skype, барномаро бояд ҳам ирсолкунанда ва ҳам қабулкунанда насб кунанд. Шумораи дурусти истифодабарони барнома аниқ карда нашудааст, аммо аз рӯи баҳои аналитик Бенедикт Еванс, зиёда аз 100 миллион мебошад. Августи соли 2013 шумораи истифодабарон аз 300 миллион гузашт. Зиёни расидаи операторони мобилӣ аз камшавии фоидаи SMS-паёмҳо, аз сабаби машҳур шудани WhatsApp, ба ақидаю таҳлили баъзеҳо, даҳҳо миллиард доллар расиданаш мумкин. 6 августи соли 2013 Whatsapp зиёда аз 300 миллион истифодабарони фаъол дошт, ки бо воситаи чат рӯзона зиёда аз 325 миллион суратро додугирифт мекарданд. Дар декабр шумораи истифодабарон ба 400 миллион расид. 28 феврали 2015, созандаи Facebook Марк Тсукерберг дар саҳифаи шахсии худ гузориш навишт, ки моҳона Whatsapp-ро 700 миллион нафар истифода мебаранд ва шумораи додугирифти паёмҳо (ҳар намуд) рӯзона зиёда аз 30 миллиард ададро расидааст. 19 феврали соли 2014 Facebook эълон кард, ки WhatsApp-ро бо арзиши 19 миллиард доллар соҳиб мешавад. Facebook 4 миллиардро нақд пардохт менамояд ва боқимонда 12 миллиард ҳамчун саҳмияҳояш мемонанд. Ба ғайр аз ин, аз рӯи созишнома омадааст, ки дар тӯли 4 соли басташавии он, ба созандагон ва коргарони WhatsApp саҳмияҳои бомаҳдуд бо нархи 3 миллиард доллари ИМА ирсол мегардад.

Маълумоти умумӣ[вироиш]

Маълумоти техникӣ

Бехатарӣ

Махфият

Арзишнома[вироиш]

Фурӯш ба Facebook[вироиш]

Маълумотҳои шавқовар[вироиш]

Нигаред[вироиш]

Facebook

Пайвандҳо[вироиш]