Jump to content

Абдулло Табарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулло Табарӣ
Абдулло Ҳабибулло Табарӣ
Таърихи таваллуд: 11 феврал 1963(1963-02-11) (61 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Ҳамадонӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишкадаи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, 1985
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ: профессор
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табарӣ Абдулло Ҳабибулло — олим, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Табарӣ Абдулло Ҳабибулло 11 феврали соли 1963 дар ноҳияи Ҳамадонӣ таваллуд шудааст. Миллат тоҷик. Соли 1985 Донишкадаи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣро хатм кардааст. Ихтисос математик-физик. Доктори илмҳои физика ва математика, профессор. Бо ҷоизаи баноми Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон (соли 1998) мукофотонида шудааст

  • 1980—1985 — донишҷӯи Донишкадаи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
  • 1985—1987 — Хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, шаҳри Горький
  • 1988—1989 — Коромӯзи Институти математикаи Академияи илмҳои Молдова, шаҳри Кишинёв
  • 1989—1992 — Аспиранти Институти математикаи Аакадемияи илмҳои Молдова, шаҳри Кишинёв
  • 1993—1995 — Муаллими калони кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
  • 1996—1999 — Докторанти кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • 1999—2002 — Сардори Идораи ҷавонони эҷодкор, донишҷӯён вахонандагони Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • 2002—2006 — Мудири кафедраи математика ва информатикаи Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон, ш. Душанбе
  • 2006—2010 — Дотсенти кафедраи математикаи олии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
  • 2010—2011 — Мудири шуъбаи математикаи Институтиилмҳои таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  • 2011—2012 — Мудири кафедраи математикаи олии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  • 2012—2020 — Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ.

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]