Амир
Амир (ар. امير — ҳукмрон, ҳоким, пешво, сарвар, роҳбар, доҳӣ) — унвони сардори қавм ё қабила, ҳоким (дар хилофати араб, ки аз тарафи халифа дода мешуд, чун амиралмуъминин), княз ва дигар мансабдори намояндагони аъёну ашроф дар мамолики исломии Шарқ ва Африка.
Дар замони хилофат
[вироиш | вироиши манбаъ]Амир дар давраи Умавиён маънои лашкаркашро дошт, ки халифа таъйин мекард. Пас аз забти ягон вилоят ба он сардор таъйин карда, ӯро амир меномиданд. Пас аз паҳн гаштани ислом амир маънои ҳокими мутлақи давлати исломиро ифода мекард (мас., амири Бухоро). Дар давраи Аббосиён, одатан, амир ҳокимоне буданд, ки ҳокимияти халифаҳоро эътироф мекарданд. Бо ин истилоҳ инчунин собиқ ноибони ба вазифаи халифа таъйиншаванда (Ағлабиён, Тоҳириён) ва ҳокимони мустақиле, ки ба воситаи аслиҳа давлат барпо кардаанд (Саффориён, Ғазнавиён, Бувайҳиён), номида мешуданд (дар амир 10 султон низ меномиданд).
Дар охири садаи X — ибтидои садаи XI амир гуфта ҳокимон ё лашкаркашони ба табақаҳои гуногун мансубро меномиданд (айюбиҳо, мамлукҳо). Дар Мовароуннаҳри асримиёнагӣ мансабҳои «амиру-л-умаро» ва «амири шикор» мавҷуд буданд. Пас аз истилои муғулҳо дар ӯрдаи тилоӣ (Олтин ӯрда), Мовароуннаҳр ва Эрон амир гуфта сардорони улус (вилоят)-ҳоро меномиданд. Ин унвонро Темурланг низ соҳиб шуда буд. Дар давраи Темуриён шоҳзодагонро «амирзода» (писари амир) меномиданд, ки шакли кӯтоҳшудаи форсии «мирзо» аст. Дар замони хонҳои Бухорои то давраи Манғитиён унвони амир ба сардорони қабилаҳову қавмҳои бонуфузу обрӯманд дода мешуд. Аз ох охири садаи XVIII асосгузори сулолаи Манғитиён — Муҳаммад Раҳимхон ба ҷойи унвони «хон» унвони амирро қабул кард. Бо ин амалаш ӯ нишон медод, ки ӯ ҳокими яке аз вил-ҳои давлати ягонаи исломӣ мебошад ва ҳокимияти хонро эътироф мекунад. Пас аз Муҳаммад Раҳимхон ин унвон фақат ба ҳокимони аморати Бухоро мансуб мешуд. Дар Эрони давраи Сафавиён унвони амир ба ҳокими вилоят, дар Афғонистон аз давраи Дӯстмуҳаммадхон амир ба ҳокимони қабилаи баракзуйҳо дода мешуд. Амир дар замони гузашта унвон ё рутбаи олӣ маҳсуб мешуд: амиру-л-умаро (рутбаи олии ҳарбӣ), амиру-л-баҳр (фармондеҳи қувваҳои баҳрӣ, адмирал), амиру-л-ҷайш (сипаҳсолор), амир-уш-шуаро (сарвари шоирони дарбор ё давр), амиру-л-ҳуҷҷоб (сардори дарбонҳо) ва ғ. Ҳоло дар баъзе давлатҳои араб (мас., Арабистони Саудӣ) унвони амир ба валиаҳд ва шоҳзодаҳои сулолаи ҳукмрон дода мешавад. Сарварони гурӯҳи калони ҳоҷиёнро, ки ба зиёрати Макка равонанд, низ амир (амиру-л-ҳоҷӣ) меноманд. Ниг. низ Аморат.
Амир замони Сомониён
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар давлати Сомониён сарвари давлат буда, ҳамчун монарх тамоми ҳуқуқҳоро дар қаламрави давлат дошт. Сарвари давлати Сомониён, ки Амуралмуъминин номида мешуд, шахси олимақоми мансабдор дар давлат ба ҳисоб рафта, баробари он ҳокимияти олии судиро ба амал мебаровард. Умуман амир дар давлати Сомониён дорои ин гуна салоҳиятҳо буд:
- ҳимояи дин;
- баамалбарории адолати судӣ;
- ҷангидан барои пок нигоҳ
- доштани эътиқоди динӣ;
- ситонидани андоз;
- идора намудани мамлакат.
Фармони амир санади олии ҳокимияти давлатӣ ба шумор мерафт, ки иҷрои ҳатмии он аз тарафи ҳамаи шахсони мансабдори давлатӣ ва фуқаровоҷиб буд. Ҳамин тариқ, амирони давлати Сомониён шахсони мансабдори олимартаба дар давлат ба ҳисоб рафта, санадҳои ҳуқуқие мебароварданд, ки онҳо дорои қувваи олии ҳукуқӣ буданд, дар навбати худ мақоми олии судӣ ба шумор мерафтанд, ҳамаи амалдорони олимақомро ба мансабҳои давлатӣ таъйин менамуданд, бо дигар давлатҳо шартномаҳо мебастанд.[1].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. Амир — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — С. 44
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Амир // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд дар бораи ислом аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |