Jump to content

Афзор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қуттии афзорҳои навин

Абзор (форсӣ: ابزار‎), афзор (форсӣ: افزار‎) — олоти меҳнати инсон ё механизми иҷрокунандаи мошинҳои технологӣ барои кор дар истеҳсолоти саноатӣ.

Афзор ҳанӯз дар асри биринҷӣ, алалхусус баъди аз маъдан ҷудо кардани оҳан (ҳазорсолаи якуми то мелод) хеле тараққӣ кард. Дар он замон ва давраҳои минбаъда то пайдоиши техникаи ҳозиразамон Афзорҳои ҳунармандон, махсусан дар соҳаҳои коркарди филиззот, бо андозаву вазни худ фарқ мекарданд (масалан, афзорҳои оҳангарӣ, мисгарӣ, заргарӣ). Феълан навъҳои афзорҳоро мувофиқи вазифаашон ба буранда (арра, миқроз, ранда, корд, парма ва ғайра), зарбавӣ (путк, болға ва ғайра), нақшакашӣ (паргор, хаткаш ва ғайра) суфтагарӣ (милаи суфтагарӣ, қурси суфтагарӣ ва ғайра), дастӣ (анбур, сунба ва ғайра), дастгоҳӣ (қалам, парма, фреза ва ғайра), механиконидашудаи дастӣ (миқрозҳои фишангӣ, арраҳои шаддабур, болғаҳои ангиштканӣ ва ғайра) ҷудо мекунанд. Асбобу олотеро, ки барои ченкуниҳои гуногун (гунё, калибр, микрометр ва ғайра) ва амалиётҳои дигар дар илму техника (штампҳо, қолибҳои рехтагарӣ ва ғайра), барои амалиёти ҷарроҳию муолиҷавӣ ва тадқиқот дар тиб ва байторӣ истифода мешаванд, низ афзор меноманд.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]