Jump to content

Барток Бела

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Барток Бела
маҷорӣ: Bartók Béla
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 25 март 1881(1881-03-25)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 26 сентябр 1945(1945-09-26)[4][1][2][…] (64 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) оҳангсоз, classical pianist, хореограф, мусиқишинос, омӯзгори мусиқӣ, қавммусиқишинос, устоди донишгоҳ, collector of folk music, мусиқидон, пиёнунавоз
Соз фортепиано
Сабк опера ва мусиқии килоссик[d]
Ҷоизаҳо
bartok.hu(маҷ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Барток Бела (1881-1945), композитори барҷастаи венгерӣ, пионинонавоз, омӯзгор, донандаи бузург ва гирдоварандаи фолклори мусиқӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Консерваторияи Будапешт. Фаъолияти Б. васеъ ва бо ҷидду ҷаҳд қайд карда шудааст. Консертҳои Барток дар ватанаш ва ҳам дар ш.-ҳои Аврупо ва ИМА (соли 1929 дар ИҶШС баромад дошт) муваффақият доштанд. Барток тамоми умр ба ҷамъоварӣ, омӯзиш ва нашри сурудҳои халқӣ (венгерҳо, руминҳо, словакҳо, сербҳо, хорватҳо, арабҳо) машғул буд, якчанд тадқиқот ба мусиқии фолклорӣ навиштааст. Аз соли 1907 профессор Академияи мусиқии Будапешт буда, вай як зумра композиторони миллиро тарбия намудааст; ба педагогикаи бачагон аҳамияти зиёд додааст. Вале мазмуни асосии фаъолияташ ин эҷодиёти ӯст, ки номи ӯро дар ҷаҳон машҳур сохтааст: 2 балет, опера, як қатор асарҳои симфонӣ ва камеравӣ (аз ҷумла, Консерт барои оркестр, мусиқӣ барои созҳои торӣ, зарбӣ ва челеста, 3 консерт барои фортепиано, 6 квартети торӣ ва ғайра). байни мероси васеи фортепиании Б. силсилаи «Барои бачагон» (4 ҷилд – 85 пиеса) ва «Микрокосмос» (6 ҷилд – 153 пиеса) мавқеи намоён доранд. Асарҳои Барток мазмуну мундариҷаи ғанӣ дошта, бо маҳорати баланд эҷод шудаанд. Композитсияҳо ва асарҳои Барток дар дунё машҳуранд. Барток мукофоти ба номи Кошута (баъд аз ваф., 1948), мукофоти Байналмилалии Сулҳ (баъд аз ваф., 1955) сарфароз гардидааст.[8]

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Stevens H. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  3. Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
  4. 4.0 4.1 Барток Бела // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  5. Deutsche Nationalbibliothek Record #118506900 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  6. LIBRIS — 2018.
  7. https://books.google.hu/books?id=ppHoEX_6v10C&pg=PA28
  8. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 57. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)