Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов
Зоҳир
Таърихи таваллуд | 5 май 1906 |
---|---|
Зодгоҳ | ноҳияи Конибодом, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 25 октябр 1979 (73 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1956-1976) |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Институти омӯзгории Тошкент |
Ҷоизаҳо | медалҳои «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945», «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин», Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1964), Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1974) |
Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов (5 майи 1906, ноҳияи Конибодом — 25 октябри 1979, Душанбе) — забоншиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ (1948), профессор (1952), академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1951), Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1964). Дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1974).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов соли 1929 Институти омӯзгории Тошкентро хатм кардааст, ихтисос — «забоншиносӣ». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: забоншиносии тоҷик, шевашиносӣ.
- Мудири бахши таърих ва забоншиносии Базаи тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС (1939—1941),
- директори Институти таърих, забон ва адабиёти Базаи тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС (1941—1945).
- Муовини сардори Раёсати Пойгоҳи тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС (1948—1951), ноиби президент (1951—1953),
- академик-котиби Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1953—1962),
- мудири бахши Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1956—1976).
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Синтаксиси ҷумлаҳои сода дар забони адабии тоҷик, Д., 1960;
- Очеркҳо оид ба баъзе масъалаҳои забоншиносии тоҷик, Д., 1961;
- Забоншносии тоҷик, Д., 1970. ва диг.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
- се ордени «Нишони Фахрӣ»,
- медалҳои «Барои меҳнати шоиста дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941—1945», «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
- Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон (1964).
- Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1974).[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Гурӯҳҳо:
- Зодагони 5 май
- Зодагони соли 1906
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Конибодом
- Даргузаштагони 25 октябр
- Даргузаштагони соли 1979
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Докторони улуми филология
- Дорандагони ордени Байрақи Сурхи Меҳнат
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Олимон аз рӯи алифбо
- Филологони Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Арбобони шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон
- Академикҳои АИ Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино