Давлати Сомониён: Тафовут байни таҳрирҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Content deleted Content added
х r2.7.3) (робот илова карда истодааст: ka:სამანიდების სახელმწიფო
Сатри 96: Сатри 96:
[[it:Samanidi]]
[[it:Samanidi]]
[[ja:サーマーン朝]]
[[ja:サーマーン朝]]
[[ka:სამანიდების სახელმწიფო]]
[[kk:Самани әулеті]]
[[kk:Самани әулеті]]
[[ko:사만 왕조]]
[[ko:사만 왕조]]

Нусха 14:04, 9 феврали 2013

Аввалин давлати соҳибистиклоли тоҷикон. Ҳукумронии сулолаи Сомониён солҳои 819-999 дарбар мегирад. Асосгузори сулола- Сомонхудот мебошад, ки аз соли 819 наберагонаш Нӯҳ, Аҳмад, Ёқуб ва Илёс дар вилоятҳои Мовароуннаҳр ҳукумрон мешаванд. Номи давлат аз номи сулолаи ҳоким - Сомониён гирифта шудааст. То соли 892 амирони Сомониён зери итоати Хилофати Араб қарор доштанд. Асосгузори давлати сохибистиклоли тоҷикон Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ(892-907) мебошад. Исмоил аз итоати арабҳо баромада соли 900 кишвари Хуросонро ба Мовароуннаҳр муттаҳид намудааст. Заминҳои таърихии ориёнажодон ба як давлати муттамарказонидашуда муттаҳид шуданд. Давраи ҳукмронии Исмоили Сомонӣ(892-907) ва амир Насри II (914-941) айёми гулгулшукуфии давлати Сомониён ба ҳисоб меравад. Сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, муаллифи "Шоҳнома" Абулкосим Фирдавсӣ, олимони машҳури шарқзамин Абуали ибни Сино, Закариёи Розӣ, Ҷайҳонӣ,Балъамӣ, ва диг. асарҳои хешро дар ҳамин давлат эъҷод кардаанд.Дар ин давра илму ҳунар ва санъат ривоҷу равнақ ёфта, адабиёти хаттии форсӣ-тоҷикӣ ташаккул ёфт. Давлати Сомониён ҳудуди Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Афғонистон ва қисман Туркманистону Қазоқистон ва Қирғизистону Эрони ҳозираро дар бар мегирифт. Марказаш шаҳри Бухоро буд. Ташаккули халқи тоҷик ва забони форсии тоҷикӣ дар давраи мавҷудияти давлати Сомониён асри IX - X ба анҷом расидааст. Соли 999 бинобар суст гардидани ҳукумати марказӣ ва хиёнати ҳарбиёни турк давлати Сомониён аз ҷониби давлати Қарахониён забт карда шудааст.[1].[2][3].

Давраҳои таърихии сулолаи Сомониён

Замони ба сари қудрат омадани ва фано шудани сулолаи Сомониёнро ба се давра тақсим кардан мумкин аст.


  • Давраи якум аз соли 817 оғоз шуда , соли 874 анҷом меёбад. Ин муддат ибтидои муборизаи халќи тоҷик барои истиќлолият ва ташаккули давлати мутамарказонидашуда мебошад.
  • Давраи дуввуми ҳукмронии хонадони Сомониён аз соли 875 оѓоз ёфта дар ибтидои солњои 60 – уми асри X ба охир мерасад. Аниќтар , ин давра солҳои 875-960 – ро дар бар мегирад.
  • Давраи севвуми ҳаёти хонадони Сомониён ба солҳои 961 – 999 рост меояд. Ин замоне буд , ки амирони Сомонӣ ба саргармӣ дода шуда , бо ду дасти адаб лашкар ва идоракунии давлатро ба ихтиёри ғуломони турк супориданд.[4][5]

Солҳои ҳукумронии амирони Сомонӣ

Дар асари Сайфиддинҳоҷӣ «Осор ул-вузаро» оиди амирони Сомонӣ чунин ду байт оварда шудааст:

Нӯҳ тан буданд зи оли-Сомон мазкур

Гашта ба аморати Хуросон машҳур.

Исмоилу Аҳмаду(саввум) Наср

Ду Нӯҳу ду Абдумалику ду Мансур.

Дар ин байтҳо 9 амири сулолаи Сомониён номбар шудаанд. Муаллиф номи Насри II – ро аз «рӯйхат» берун гузоштааст.[6]


819-842 - Нӯҳ ибни Асад

842-864 - Аҳмад ибни Асад

864-892 - Насри I ибни Аҳмад

892-907 - Исмоил ибни Аҳмад (Исмоили Сомонӣ)

907-914 - Аҳмад ибни Исмоил

914-943 - Насри II ибни Аҳмад

943-954 - Нӯҳ ибни Насри II

954-961 - Абдумалики I ибни Нӯҳ

961- Насри III ибни Абдумалики I (1 рўз амирї кард)

961-976 - Мансури I ибни Нӯҳ

976-997 - Нӯҳи II ибни Мансур

997-999 - Мансури II ибни Нӯҳ

Адабиёт

  1. Ғафуров Б.Ғ. Тоҷикон. Китоби 2. – Душанбе, 1986, 1987, 1998, 2009
  2. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 93-120.
  3. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010,– с. 6-8.
  4. Ниг.: Мухторов С. Сомониён:замон ва макон. – Душанбе , 2008. – С. 46.
  5. http://andesha.tj/taxonomy/term/13
  6. Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. – Душанбе, 1997, – с. 3 .

Нигаред

Давлатдории тоҷикон дар асрҳои IX – XVI. Мураттиб ва муҳаққиқ: Нурмуҳаммади Амиршоҳӣ. – Душанбе, 1999.

История таджикского народа. Т. II – Душанбе, 1999.

Аҳрор Мухторов. Амирон ва вазирони Сомонӣ. – Душанбе, 1997

Аҳрор Мухторов. Сомониён: Замон ва макон. – Душанбе, 1999.

Мухторов С. Сомониён:замон ва макон. – Душанбе , 2008.

Наршахӣ А. Таърихи Бухоро. – Душанбе, 1979.

Неъматов Н.Н. Давлати Сомониён. - Душанбе, 1989.


Портал:Таърих