Ваксман Зелман

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ваксман Зелман
англ. Selman Abraham Waksman
Сурат
Таърихи таваллуд 22 июл 1888(1888-07-22)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 16 август 1973(1973-08-16)[4][1][2][…] (85 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша зистшинос, биохимик, зиндагиноманавис, пизишк, microbiologist, устоди донишгоҳ, ихтироъкор, pharmacologist, шимидон, гиёҳшинос
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зелман Абрахам Ваксман (Соломон Яковлевич; 2.7.1888, Нова Прилука – 16.8.1973, ИМА), микробиологи амрикоӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зелман Абрахам Ваксман хатмкардаи Коллеҷи кишоварзии Донишгоҳи Ратгери ИМА (1915) ва Донишгоҳи Калифорния (1918). Солҳои 1918–58 дар Донишгоҳи Ратгер кор кардааст (аз соли 1930 профессор, аз соли 1940 мудири шуъбаи микробиология). Ҳамзамон корманди институтҳои микробиология ва уқёнусшиносӣ буд. Дар робита ба микробиологияи хок ва баҳр, биологияи актиномисетҳо ва занбӯруғҳо, таснифоти актиномисетҳо, антагонизми микробҳо ва ғ. пажӯҳишҳо анҷом додааст. В. яке аз кошифони актиномитсин (1940), стрептотрипсин (1942), неомитсин (1949) ва дигар антибиотикҳо аст. Соли 1952 барои кашфи стрептомитсин сазовори Мукофоти Нобел гардид.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Гумус: Происхождение, химический состав и значение его в природе. М., 1937;
  • Антагонизм микробов и антибиотические вещества. М., 1947.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]


Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  2. 2.0 2.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  3. Gran Enciclopèdia Catalana (кат.)Grup Enciclopèdia, 1968.
  4. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.