Jump to content

Вилояти Астрахан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вилояти Астрахан
Астраханская область
Парчами вилояти Астрахан Нишони вилояти Астрахан
Парчами вилояти Астрахан Нишони вилояти Астрахан
Маркази маъмурӣ Астрахан
Масоҳат

- Ҳамагӣ
- % дар об.

58-ум

44 100 км²
8,5

Аҳолӣ

- Ҳамагӣ
- Зичӣ

55-ум

тақрибан 1 005 276 (2002)
тақрибан нафар/дар 1 км²

Округи Федералӣ Ҷанубӣ
Губернатор Жилкин Александр Александрович
Соат MSK (UTC+3, тобистон UTC+4)

Вилояти АСТРАХÁН (русӣ: Астраха́нская о́бласть) — вилоятест дар Федератсияи Русия, тобеи Округи  федералии Ҷануб Вилоят 27 декабри соли 1943 ташкил шудааст.

Дар ҷанубу шарқии қисмати аврупоии Русия, дар пастии соҳили баҳри Хазар (Каспий), дар назди резишгоҳи дарёҳои Волгаву Оқтеппа ба Баҳри Хазар воқеъ гардидааст. Бо вилояти Волгоград ва Ҷумҳурии Қалмиқистон ҳамсарҳад аст. Хатти сарҳадди Русия ва Қазоқистон аз қисми шарқии вилояти Астрахан мегузарад. Дар ҷануб бо баҳри Хазар мепайвандад. Масоҳаташ 44,1 ҳазор км2. Маркази маъмуриаш – шаҳри Астрахан. Мақоми олии қонунбарор – Маҷлиси намояндагони вилоят, Ҳокимияти иҷроия – маъмурияти (ҳукумати) вилоят. Сардори вилоят – губернатор. Аз 11 ноҳия (музофот), 6 шаҳр, 11 шаҳрак, 431 нуқтаҳои аҳолинишини деҳотӣ иборат аст.

Аҳолиаш 1,012 млн нафар (2012). Зичии аҳолӣ дар 1 км2 20,6 нафар (2012).

Маскуншавии аввалин дар ҳудуди вилоят Астрахан ба давраи мезолит рост меояд. Дар асрҳои 7–10 Астрахан тобеи Хоқонии Хазар буд. Дар асри 10 дучори ҳамлаи қавму қа­боили кӯчиёни туркнажоди печенег гардида, дар асри 12 ба ин ҷо қавмҳои қипчоқ ворид мешаванд. Дар аввали асри 13 дар натиҷаи тохтутози муғулҳо, ба ҳайати Олтин-Ӯрда (Ӯрдаи Тилоӣ) ворид шуд. Аввалин бор дар мадракҳои хаттӣ дар асри 13 бо номи Аштархон ва Ҳоҷӣ Тархон қайд шудааст. Аввали асри 15 дар Астрахан Хонигарии мустақили Аштархониён таъсис ёфт. Соли 1556 ба ҳайати давлати Рус ворид шуд. Соли 1717 губернияи Аштархон таъсис ёфт, ки тамоми ҳудуди Поволжия, аз Астрахан то Симбирск, дар ҳайати он қарор дошт. Соли 1928 губернияи Астраханба вилояти Поволжияи Поён дохил гардид, ки марказаш Саратов буда, дертар ба округи Аштархон табдил дода шуд. 27. 12.1943 вилояти мустақили Астрахан (дар ҳайати Россия) таъсис ёфт.

Канданиҳои фоиданок

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соҳаҳои асосии саноат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Тақсимоти маъмурӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳокимияти иҷроия

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба ин ҷо ҳам нигаред

[вироиш | вироиши манбаъ]
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
  • Новая российская энциклопедия. Т. II. Москва, 2005.