Jump to content

Вирусшиносӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бахше аз силсилаи мақолаҳо дар бораи
microscopic view of E. Coli a Thompson's Gazelle in profile facing right
a Goliath beetle facing up with white stripes on carapace A tree fern unrolling a new frond

Портали Зистшиносӣ

Вирусшиносӣ, вирусология  — шохае аз микробшиносӣ, ки ба мутолиъаи вирусҳо ва бемориҳои ношӣ аз онҳо мепардозад.

Вирусшиносӣ охири асри 19 баъди аз тарафи олими рус Д. И Ивановский (1892) кашф шудани микроорганизмҳои нав (баъдтар вирусҳо ном гирифтанд) аз микробиология ҷудо ва фанни мустақил шуд. Сараввал вирусҳои одам, ҳайвонот ва бактерияҳоро микробиология, вирусҳои набототро фитопатология меомӯхт. Муаллифони аввалин монографияҳо дар бораи касалиҳои вирусии наботот В . А. Рижков (1933) ва К. Смит (1933) буданд. Қариб 1500 навъи вирус маълум аст, ки боиси бемориҳои сироятии одам, ҳайвонот, ҳашарот, рустанӣ ва бактерияҳо мегардад. Вирусшиносӣ хусусан асри 20 ривоҷ ёфт. Олимон ба таҳқиқи табиати вирусҳо ва пайдоиши бемориҳои сироятӣ машғул шуда, ба комёбиҳои назаррас ноил гаштанд.

Вирусшиносӣ ба чанд соҳаи мустақил (вирусшиносии умумӣ, вирусшиносии кишоварзӣ, вирусшиносии тиббӣ) ҷудо мешавад. Вирусшиносии умумӣ афзоиш, таснифу қонунияти таҳаввул, таҳқиқи биологию физиологии вирусҳо, ташхиси вирусологию серологии вирус, муолиҷаи амрози вирусӣ ва ғ-ро меомӯзад. Мавзӯи таҳқиқи вирусшиносии кишоварзӣ касалиҳои ҳайвоноту рустаниҳост. Вирусшиносии тиббӣ пайдоиш, тарзи пешгирии сироят, усулҳои таҳқиқи вирусҳоро меомӯзад.

Вирусшиносӣ дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Тоҷикистон пажӯҳишҳои вирусшинохтӣ солҳои 20 асри 20 оғоз гардида буданд. Соли 1928 дар Озмоишгоҳи табларзаи хунрез ва сирояти арбовирусии Институти эпидемиология ва гигиена пайдоиши бемориҳои сироятии хавфнок мавриди омӯзиш қарор гирифт. Бисёр ҷанбаҳои вирусшиносӣ дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловскийи АМИТ ва Пажӯҳишгоҳи пешгирии бемориҳо низ таҳқиқ мешаванд. Дар натиҷа бисёр масъалаҳои вирусшиносӣ – тарзи инкишофи вируси гепатитҳо ва гриппи вогир, ки ангезандааш вируси типи А2 мебошад, саҳми энтеровирусҳо дар пайдоиши амрози меъда, таъсири антибиотикҳо ба вируси трахома, роҳҳои нави муайян намудани таъсири вируси полиомиелит муқаррар карда шуданд. Алҳол масъалаи мубориза бо бемориҳои зуҳравии вирусӣ, масалан, ВИЧ/СПИД, гепатитҳои В, С, ситомегалия, сироятҳои папилломавирусӣ, вируси табхол, хламидиоз дар мадди аввал қарор дорад. Дар ин самт пажӯҳишҳои назаррас анҷом пазируфтаанд.