Дӯстмурод Ҳакимов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Дӯстмурод Ҳакимов
Дости Бурут
Сурат
Таърихи таваллуд 1934(1934)
Зодгоҳ деҳаи Муллотуғма, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 25 июн 2018(2018-06-25)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон
Пеша кишоварз, асппарвар, соҳибкор
Ҳамсар Гулсун Ҳакимова

Дӯстмурод Ҳакимов (маъруф ба Дости Бурут; 1934, деҳаи Муллотуғмаи ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон — 25 июни 2018, Душанбе, Тоҷикистон) — кишоварз, соҳибкор ва яке аз асппарварони маъруфи Тоҷикистон[1].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дӯстмурод Ҳакимов соли 1934 дар деҳаи Муллотуғмаи ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст.

Хонавода[вироиш | вироиши манбаъ]

Ду фарзанди ӯ — Акбар Ҳакимов ва Меҳроҷиддин Ҳакимов аз ҳавзаи Файзобод ду навбат вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд.

Бисёриҳо аз ӯву хонаводааш дар инҷо ба некӣ ёдоварӣ мекунанд ва мегӯянд, ки Дости Бурут бахусус дар даврони гуруснагии солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба садҳо хонаводаи муҳтоҷ дар ин қаламрав дасти ёрии худро дареғ надоштааст[2].

Фаъолияти кишоварзӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дӯстмурод Ҳакимов дар сатҳи ҷумҳурӣ ҳамчун як асппарвари маъруф шинохта шудааст. Барқарор намудани зоти аспи тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ бо ташаббуси Дӯстмурод Ҳакимов дар хоҷагии «Дошмандӣ»-и ноҳияи Файзобод, дар баробари ривоҷи чорвои калону майда ва занбӯри асал рӯи кор омад[3][1]. Аспҳои зоти тоҷикии «Дошмандӣ» дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар сархати ҷойҳои ифтихорӣ меистанд[4].

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Дӯстмурод Ҳакимов 25 июни соли 2018 дар бемористони «Ибни Сино»-и шаҳри Душанбе бар асари беморӣ дар 84-солагӣ даргузашт[2].

Ифтихороту ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • 1981 — Ифтихорномаи Вазорати нақлиёти ҶШС Тоҷикистон;
  • 2004 — «Соҳибкори беҳтарини соли 2003»;
  • 2007 — Ифтихорномаи Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 2009 — «Корманди беҳтарини соҳаи кишоварзӣ» — «Чорводори беҳтарин» барои фаъолияти пурсамар ва ба даст овардани нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ дар рушди соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Пирӯзии се аспи Дости Бурут ва $250 000 барои “Эхолог” » Озодагон(тоҷ.). www.ozodagon.tj. 25 июни 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 июни 2018.
  2. 2.0 2.1 Мирзо Салимпур. ДАРГУЗАШТИ ДОСТИ БУРУТ. akhbor.com. Ахбор (25 июни 2018). 25 июни 2018 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)
  3. Т. Соҳибназаров. Ҷаҳони хурамӣ(тоҷ.). nabzifayzobod.tj. НАБЗИ ФАЙЗОБОД (20 сентябри 2016). 25 июни 2018 санҷида шуд.
  4. Дар пойгаи аспдавонӣ «Радана» ҷоизаи асосӣ-шутурро соҳиб шуда, онро ба Файзобод бурд. АМИТ "Ховар" (1 апрели 2019). 3 май 2024 санҷида шуд.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Марди роҳ — Филм дар бораи зиндагиномаи Дӯстмурод Ҳакимов