Зайниддин Зидон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Футбол
Зайниддин Зидон
Иттилооти умумӣ
Номи пурра Зайниддин Язид Зидон
Лақаб Зизу
Таваллуд 23 июн 1972(1972-06-23) (51 сол)
Марсел, Фаронса
Шаҳрвандӣ
Қад 185 см
Мавқеъ Нимҳимоятгар
Иттилоот дар бораи бошгоҳ
Бошгоҳ сармураббии озод
Маснад
Бошгоҳҳои ҷавонон
1982—1983 Парчами Фаронса «Сен-Анри»
1983—1987 Парчами Фаронса «Сетем-ле-Валлон»
1987—1988 Парчами Фаронса «Канн»
Маснади бошгоҳӣ*
1988—1992 Парчами Фаронса «Канн» 61 (6)
1992—1996 Парчами Фаронса «Бордо» 139 (28)
1996—2001 Парчами Италия «Ювентус» 151 (24)
2001—2006 Парчами Испания «Реал Мадрид» 155 (37)
Мунтахаби миллӣ**
1988—1989 Парчами Фаронса Фаронса (то 17) 4 (1)
1989—1990 Парчами Фаронса Фаронса (то 18) 6 (0)
1990—1994 Парчами Фаронса Фаронса (то 21) 20 (3)
1994—2006 Парчами Фаронса Фаронса 108 (31)
1995 Парчами Фаронса Фаронса (B) 1 (0)
Маснади мураббигӣ
2013—2014 Парчами Испания «Реал Мадрид» ёвар
2014—2016 Парчами Испания «Реал Мадрид Кастийя»
2016—2018 Парчами Испания «Реал Мадрид»
2019—2021 Парчами Испания «Реал Мадрид»
Медалҳои байналмилалӣ
Қаҳрамонии ҷаҳон
Тилло Фаронса 1998
Нуқра Олмон 2006
Қаҳрамонии Аврупо
Биринҷӣ Инглистон 1996
Тилло Белгия/Нидерланд 2000
Бозиҳои баҳримиёназаминӣ
Биринҷӣ Лангедок — Руссилон 1993

* Миқдори бозӣ ва гол барои бошгоҳи ҳирфаӣ фақат барои лигаҳои мухталифи миллӣ ба назар гирифта мешавад.

** Миқдори бозӣ ва гол барои мунтахаби миллӣ дар бозиҳои расмӣ.

Зайнидди́н Язи́д Зидон (фр. Zinédine Yazid Zidane, ар. زين الدين زيدان‎, мулаққаб ба Зизу; 23 июн 1972, Марсел, Фаронса) — собиқ футболбоз, мураббии фаронсавӣ.

Коршиносон аксар бар ин боваранд, ки Зидон як нобиға ва яке аз беҳтарин бозгарони таърихи футбол аст. Ӯ дар дастаҳои «Ювентус», «Реал Мадрид» ва тими миллии футболи Фаронса дар мақоми бозикуни хатти миёна (ниммуҳофизатгар) ҳунарнамоӣ мекард.

Зидон дар тӯли умри ҳирфаии худ се бор ба унвони беҳтарини бозигари соли ҷаҳон аз сӯи ФИФА дар солҳои 1998, 2000 ва 2003 интихоб шуд. Ӯ як бор ҷоизаи беҳтарини бозигари соли Урупо, як бор ҷоизаи боарзиштарин бозигари Ҷоми бошгоҳҳои Урупо ва боре ҳам ҷоизаи беҳтарини бозигари Ҷоми ҷаҳониро дарёфт кардааст ва ба қаҳрамонии Ҷоми ҷаҳонӣ, Ҷоми миллатҳои Урупо, Ҷоми бошгоҳҳои Урупо, силсилаи Итолиё ва лигаи Испониё ноил шудааст. Аз ин рӯ метавон ӯро аз пурифтихортарин бозигари таърих донист.

Зидон ҳамчунин се бор дар дидорҳои ниҳоии Ҷоми ҷаҳонию Ҷоми бошгоҳҳои Урупо гол задааст. Ӯ дар Фаронса радаи аввали беҳтарини футболбози таърихи Фаронсаро ба худ ихтисос додааст. Зидон пас аз мусобиқоти ҷоми ҷаҳонии 2006 аз футбол худоҳофизӣ кард. Бад-ин тартиб «Реал Мадрид» охирин тими бошгоҳӣ ва финали Ҷоми ҷаҳонии 2006 охирин бозии ҳирфаии ӯ буд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ханаи волидайни Зидон дар Алҷазоир

Зидон 23 июни соли 1972 дар Марсел ба дунё омадааст. Ӯ панҷумин фарзанди хонавода аст. Падару модараш, Исмоилу Малика алҷазоирӣ буданд[1].

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]