Jump to content

Карл Бенс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Карл Бенс
Carl Benz
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд олмонӣ: Karl Friedrich Michael Benz
Таърихи таваллуд 25 ноябр 1844(1844-11-25)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 4 апрел 1929(1929-04-04)[1][2][3][…] (84 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша муҳандис, ихтироъкор
Ҳамсар Bertha Benz[d]
Фарзанд Richard Benz[d] ва Eugen Benz[d]
Ҷоизаҳо
Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Карл Фридрих Михаэл Бенс (олмонӣ: Carl[5][6][7][8][9] (Karl) Friedrich Michael Benz [kaɐ̯l ˈfʁiːdʁɪç ˈbɛnts], 25 ноябри 1844, Мюлбург (Карлсруэ)[10][11][12][13]4 апрели 1929, Ладенбург) — муҳандиси олмонӣ, ихтироъкори аввалин худрав дар ҷаҳон, пешгом дар соҳаи худравсозӣ. Аз ширкати вай баъдтар иттиҳодияи Daimler-Benz AG (ҳоло Daimler AG) ташкил шуд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]
Бозсозии худрави «Motorwagen»-и Бенс, барориши соли 1886.
Бенси болдор. Аэроплани Русия дар болои мошини боркаш дар ҷабҳаи Қафқоз Ҷанги якуми ҷаҳонӣ. Соли 1916.

Падари Карл, ронандаи қатора, вақте ки писараш ҳамагӣ ду сол дошт аз сармозанӣ мемирад. Модараш саъй мекунад, то писараш маълумоти арзанда гириад. Баъди хатми мактаби ибтидоӣ дар Карлсруэ Карл соли 1853 ба литсейи техникӣ (ҳоло гимназияи Бисмарк), ва баъдан — ба донишгоҳи.политехникӣ дохил мешавад. 9 июли соли 1864 дар синни 19 солагӣ ӯ факултети механики техникии донишгоҳи Карлсруэро хатм мекунад. Ӯ ҳафт соли оянда дар корхонаҳои гуногун дар Карлсруэ, Мангейме, Пфорцгейме ва ҳатто муддате дар Вена кор мекунад.

Соли 1871 якҷоя бо Август Риттер устохонаи механикиро Манҳейм ташкил мекунанд. Дере нагузашта Карл Бенс саҳми шарикашро бо пулҳои аз падари арусаш Берт Рингер қарзгирифта мехарад. Карл ва Берт 20 июли соли 1872 ақди никоҳ мебанданд. Онҳо панҷ фарзанд доштанд.

Дар устохонаи худ Карл Бенс ба сохтани муҳаррикҳои нави дарунсӯз сар мекунад. 31 декабри соли 1878 ӯ барои муҳаррики бензинии дузарба патент мегирад.

Чанде нагузашта Карл Бенс ба ҳамаи ҷузъҳои муҳими системаи мошини ояндааш петент мегирад.

  • Дар асоси зиндагиномаи Карл Бенс ва зани ӯ Берт соли 2011 филми бадеии «Карл ва Берт» (Олмон) ба навор гирифта шудааст.