Махсум Олимӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Махсум Олимӣ
Таърихи таваллуд: 5 октябр 1956(1956-10-05)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 24 октябр 1992(1992-10-24) (36 сол)
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: рӯзноманигор, шоир

Махсум Олимӣ (5 октябр 1956, Каздон, вилояти Суғд24 октябр 1992, Душанбе) — рӯзноманигор ва шоири тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Махсум Олимӣ 5-умм октябри соли 1956 дар деҳаи Каздони ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст[1]. Соли 1974 мактаби миёнаи № 5 деҳаи Дарғро тамом карда, ба Техникуми энергетикии Қӯрғонтеппа дохил шуда, соли 1978 бо дипломи аъло хатмаш кардааст. Солҳои 1975—1977 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ аскарӣ кардааст. Соли 1979 ба Институти адабиёти ба номи Максим Горкий (Москав) дохил шуда, соли 1983 ба итмомаш расондааст.

Баъдан фаъолияти эҷодии мавсуф дар нашриёти «Ирфон» ва Радиои тоҷик идома ёфтааст. Сипас, то вопасин маҳзаҳои ҳаёт, дар Осорхонаи миллии Беҳзод ба сифати ходими калони илмӣ ифои вазифа намудааст.

Аввалин маҷмӯаи ашъори шоир «Бӯйи умед» соли 1985 ба дасти хонандагон расидааст. Соли 2013 мунтахаби ашъораш бо номи «Парвози нотамом» нашр гардид.

Соли 1992 дар шаҳри Душанбе ҳадафи тири нохалафон шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. ОЛИМӢ МАХСУМ. ИНТ. 27 Январ 2024 санҷида шуд.