Маҳмадалӣ Муҳаммадиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳмадалӣ Муҳаммадиев
Таърихи таваллуд: 10 март 1946(1946-03-10)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 7 январ 2021(2021-01-07) (74 сол)
Маҳалли марг:
Касб: ҳунарпешаи театр, ҳунарпешаи синамо
IMDb: ID 0611485

Маҳмадалӣ Муҳаммадиев (10 март 1946, ноҳияи Дарвоз, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон7 январ 2021, Душанбе) — ҳунарпешаи театру синамо. Узви Иттиҳодияи синамогарони ИҶШС (1982)[1].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҳмадалӣ Муҳаммадиев, 10 марти соли 1946 дар деҳаи Хушарваки ноҳияи Дарвоз ба дунё омадааст. Хатмкардаи Институти театру кинои Маскав (1971) аст. Дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ва Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов кор карда, як силсила нақшҳо офаридааст.

Синамо[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҳмадалӣ Муҳаммадиев дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои филмсозии собиқ ҷамоҳири шӯравӣ дар филмҳои зиёде нақш офаридааст. Нақшҳои ӯ дар филмҳои бадеии «Одам пӯсташро иваз мекунад», «Шикори охирин» («Тоҷикфилм»), «Хайр кабудии тобистон», «Тали мамнӯъ» («Узбекфилм»), «Ситораҳо дар шаб», «Соя» («Туркманфилм») ва чандин филмҳо дар Маскаву Кишинев басо ҷолибанд. ӯ дар филмҳо ва намоишномаҳои телевизонии ватанӣ аз қабили «Парвози хушдоманам», «Сабзабаноз», «Қисмат», «Фиреби хаёл», «Шифо», «Чакидаҳо» ва ғайра низ нақшҳои хотирмон бозидааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Барандаи чандин ҷоизаҳои байналмилаливу миллӣ дар бахши синамо буд.

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Маҳмадалӣ Муҳаммадиев субҳи 7 январи соли 2022, бар асари беморӣ дар сини 76-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт[2].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Эльбаум Г., Рахимов С. Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе: «ЭР-граф», 2012. — С. 157. — 396 с. Бойгонӣ шудааст 27 июли 2021  сол. нусхаи бойгонӣ. 7 Январ 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 июли 2021.
  2. Даргузашти ҳунарманди саршиноси театру синамо Маҳмадалӣ Муҳаммадиев. asiaplustj.info. ASIA-Plus (7 Январ 2022). 7 Январ 2022 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]