Маҷмааи «Истиқлол»
Маҷмааи «Истиқлол» (ҳамч. Маҷмааи «Истиқлол ва Озодӣ») — дар маркази ш. Душанбе дар хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Саид Носир дар назди Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ҷойгир аст. Маҷмааи «Истиқлол» 8 сентябри соли 2022 ба истифода супорида шудааст.
8 сентябри соли 2022 дар маркази шаҳри Душанбе маҷмааи «Истиқлол» кушода шуд. Маҷмааи «Истиқлол» 121 метр баландӣ дорад, ки он рамзӣ аст, яъне қисми поёнии маҷмаа 30 метр — рамзи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва қисмати болоӣ 91 метр мазмуни дар соли 1991-уми асри XX ба даст овардани Истиқлолро ифода менамояд.
Масоҳати умумии маҷмааи рамзи «Истиқлол» 11 ҳазору 900 метри мураббаъро дар бар гирифта, майдони зери сохтмон 4 ҳазору 761 метри мураббаъ мебошад.[1]
Дар қисмати болои маҷмаа тоҷи қутраш 8 метра, ки аз титан сохта шудааст, ҷойгир мебошад. Дар рамзи «Истиқлол» тоҷ ҳамчун рамзи давлатдорӣ, истиқлол, соҳибдавлативу соҳибтамаддунӣ ва таърихи омӯзандаи миллати куҳанбунёди тоҷикро таҷассум мекунад. Пояи маҷмаа пирамидаи ҳаштруя буда, аз 7 даромадгоҳ иборат мебошад.[1]
Ошёнаи якуми иншооти мазкур аз 7 толори кушоду барҳавои намоишгоҳ, қабули меҳмонон ва толори синамои 5D бо 12 ҷойи нишаст иборат аст.
Осорхона
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар ошёнаи дуюми маҷмаа Осорхонаи таърихии шаҳри Душанбе ташкил карда шудааст, ки аз галерея ва «Тахти тоҷикон» иборат буда, 15 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва ҳуҷраи назорати камераҳои мушоҳидавӣ дорад. Осорхона марҳилаҳои гуногуни таърихиро дар бар гирифта, дар он асосан бозёфтҳое, ки зимни гузаронидани кофтуковҳои археологӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дарёфт гардидаанд, ҷамъоварӣ шудааст. Аз ҷумла, дар он ҷо табарҳои сангӣ, ки аз маҳаллаи Лучоб ва соҳили дарёи Душанбе дарёфт гардида, мутааллиқ ба асри санг мебошанд, ҷой дода шудаанд.[1]
Рамзҳо ва меъмориҳои диққатҷалбкунанда
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз ҷумла, “дарахти ҳаёт” бо реша, тана ва шохаҳои он рамзи зиндагии ҷовидона ва сарсабзию устувории ҳаёт, тоҷпоя — рамзи пойдору устувор ва бардавом нигоҳ доштани тоҷ, ҳафт гунбази гирдогирди муҷассама рамзи 7 қабати замину осмон, 7 иқлим, 7 ранги асосии табиат ва 7 зинаи ташаккули илму маърифат ва худшиносию ҷаҳоншиносии инсониятро ифода менамоянд.[2]
Яке аз меъмориҳои диққатҷалбкунандаи ин меъморӣ аз берун 14 деворнигораи андозаи 9 бар 5,20 метр иҳотанамуда мебошад, ки ин чаҳордаҳ деворнигора таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик, вобаста ба марҳалаҳои таърихӣ бо аксу рамзҳо таҳти унвонҳои гуногун тасвир ёфтааст. Дар ин чаҳордаҳ деворнигора таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи халқи тоҷик, вобаста ба марҳалаҳои таърихӣ бо аксу рамзҳо таҳти унвонҳои гуногун тасвир ёфтааст.
Деворнигораҳо бо унвонҳои мухталиф аз қабили “Каюмарс ва Ҷамшед ҳамчун шоҳи аввалини ақвоми ориёӣ, шиносоӣ бо китоби Авесто”, “Ба сари қудрат расидани Куруши Кабир ва муттаҳид намудани сарзаминҳои ориёӣ”, “Муборизаи Спитамен бо Искандари Мақдунӣ” бо номи муҳорибаи “Санги суғдӣ”, доир ба се давлати абарқудрати аҷдодӣ - Ашкониён, Кушониён, Сосониён, “Деваштич. Давлатдории Тоҳириён ва Саффориён”, “Сомониён. Исмоили Сомонӣ. Вазирон, аҳли илму адаб”, “Тоҷикон дар асрҳои XI - XVI”, “Темурмалик – қаҳрамони халқи тоҷик”, дастовардҳои фарҳангии як марҳалаи тӯлонии таърихи ниёкон бо нишон додани акси китобу катибаҳои асримиёнагӣ ва намунаи санъату ҳунар, шоирону адибон аз Абдураҳмони Ҷомӣ то Аҳмади Дониш, доир ба шаҳрҳои бузурги таърихии тоҷикон Саразм, Гонур, Балх, Нисо, Марв, Самарқанд, Бухоро, Тахти Сангин, Хуҷанд, Панҷакенти қадим, Бунҷикат, Ҳулбук, Қалъаи Ҳисор, Ҳирот, Ғазна, “Таърихи нав. Сохтмонҳои бузург”, “Давраи истиқлолият. Қасри Арбоб, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Майдони Дӯстӣ, сохтмони аср – НБО-и “Роғун” ва дастовардҳои замони истиқлолият барои бинанда маълумот медиҳад.[2]
Майдони маҷмаа
[вироиш | вироиши манбаъ]Яке аз дигар ҷозибаҳои Маҷмааи “Истиқлол” майдони тамошои он мебошад, ки дар ошёнаи 14 дар баландии 94 метр ҷойгир аст. Майдони тамошо доирашакл буда, дорои 4 дурбини калонҳаҷм мебошад, ки тавассути он намои пойтахти кишвар ва зебоиҳои онро метавон мушоҳида намуд.[2]
Тахти рамзии Шоҳ Исмоили Сомонӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар осорхонаи Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол" тахти рамзии Шоҳ Исмоили Сомониро, ки бо назардошти арзишҳои таърихӣ сохта шудааст, шинос шудан мумкин аст.
Ин тахт пурра бо усули миллӣ ороиш ва кандакорӣ шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки тоҷи дар болои тахт ҷойдодашуда аз тиллои тозаи истеҳсоли Тоҷикистон сохта шудааст. Тоҷро сангҳои қиматбаҳо, аз қабили алмосҳои диаметрашон 3 ва 2 миллиметра, ёқути кабуди диаметраш 15 миллиметр, тилло ва тиллои сафед ва лаъли Бадахшон бо андозаи 22 ба 15 миллиметра зинат медиҳанд. Дар рӯйи тахт фарри шоҳии тиллоӣ гузошта шудааст. Фарр, ки нишони давлатдорӣ ва тахту тоҷ аст, бо 68 шуои зардӯзӣ оро ёфта, бо тоҷи заррин пайваст шудааст ва ин ишора ба эҳёи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ва 68 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ мебошад. Ҳар як риштаи зардӯзишуда бо риштаи филизии тиллоӣ кашида шудааст.
Аз ду тарафи тахт шерҳои болдор бо минқори уқоб ҷойгир аст, ки бо шакли бозубанд аз Хазинаи Амударё ёфт шудааст. Тахт дар байни чортоқ ҷойгир буда, атрофи онро сутунҳои чӯбини бо сангҳои қиматбаҳои маҳаллӣ ороёфта иҳота кардаанд. Паси тахт бо деворнигораҳои Панҷакенти Қадим, Варахша, Афросиёб ва Бунҷикат бо истифода аз сангҳои қиматбаҳо сохта шудааст.
Атрофи онро ҳафт калиди тиллоии рамзӣ аз ҳафт шаҳри қаламрави имрӯзаи ҷумҳурӣ Душанбе, Саразм, Хуҷанд, Истаравшан, Ҳисор, Ямчун ва Хулбук, инчунин нусхаи намунаҳои санъати волои Хазинаи Амударё - бозубанди тиллоӣ ва Аробачаи тиллоӣ гузошта шудааст.[2]
Нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]- Майдони “Истиқлол” ва Маҷмааи меъмории рамзи “Истиқлол” дар шаҳри Душанбе
- МАЙДОН ВА БУРҶИ ИСТИҚЛОЛ-ДУШАНБЕ 2022
- «МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 1.2 Осорхона, саҳни тамошо ва кинотеатри 5D. Маҷмааи "Истиқлол" чиро дар бар мегирад?(тоҷ.). www.asiaplustj.info/tj/ (10 сентябри 2022). 21 сентябри 2022 санҷида шуд.
- ↑ 2.0 2.1 2.2 2.3 Майдони “Истиқлол”. Муъҷизаи нотакрори меъморӣ ва қалби пойтахт(тоҷ.). halva.tj (12 сентябри 2022). 4 Январ 2023 санҷида шуд.