Jump to content

Михаэл Шумахер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Михаэл Шумахер
олмонӣ: Michael Schumacher
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард[5][6]
Лақаб Schumi
Кишвар
Тахассус auto racing[d]
Бошгоҳ Jordan Grand Prix[d], Benetton Formula[d], Scuderia Ferrari[d] ва Mercedes F1 Team[d]
Зодрӯз 3 январ 1969(1969-01-03)[2][3][4][…] (55 сол)
Зодгоҳ
Қад 174 сантиметр
Вебгоҳи расмӣ(англ.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Михаэ́л Шума́хер (олмонӣ: Michael Schumacher; [ˈmɪçaʔeːl ˈʃuːmaχɐ] ; тав. 3 январ 1969, Ҳюрт-Ҳермюлҳайм, Райн-Вестфалени шимолӣ) — собиқ ронандаи олмонии мусобиқаи «Формула 1», қаҳрамони ҳафткаратаи ҷаҳон.

Айёми ҷавонӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фаъолияти Михаэл аз рондани картинг, ки падараш Ролф сохтааст, оғоз ёфтааст, Падараш роҳбарии картинги маҳаллиро ба дӯш дошт. Михаэл Шумахер дар чаҳорсолагӣ ба паси чанбарак нишаст ва аллакай дар синни панҷсолагӣ дар сабқати картингҳо бомуваффақият ширкат меварзид. Михаэл дар кӯдакӣ бо дигар намудҳои варзиш, алахусус, ҷуду машғул буд. Аммо дар ниҳоят ӯ қарор дод, ки ба картинг диққат диҳад[8]. Дар синни 14-солагӣ, ӯ аввалин шаҳодатномаи ронандагии худро гирифт ва дар мусобиқаҳои расмӣ ширкат варзид. Байни солҳои 1984 ва 1987 Михаэл дар якчанд қаҳрамониҳои Олмон ва Аврупо оид ба картинг ғолиб омад, аз ҷумла силсилаи «Формула Кёниг». Соли 1990 ӯ унвони қаҳрамонро дар Формула 3-и Олмон ба даст овард. Соли 1991 ӯ ба зинаҳои муваффақ баромад ва дар Формула 3000Ҷопон рақобат кард. Ҳамчун узви барномаи ҷавонони Mercedes Junior, ӯ дар чемпионати ҷаҳон оид ба истодагарӣ бо Карл Венлдингер ва Ҳайнтз-Ҳаралд Френтзен ширкат варзида, дар Мехико соли 1990 дар як Sauber-Mercedes C11 ва соли 1991 дар «Аутополисе» (Ҷопон) дар Sauber-Mercedes C291z (ҳарду маротиба бо Карл Вендлингер) иштирок намудаааст.