Муҳиддин Олимпур
Таърихи таваллуд | 2 март 1945 |
---|---|
Зодгоҳ | деҳаи Шамтуч, ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод |
Таърихи даргузашт | 13 декабр 1995 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ | Тоҷикистон |
Пеша | рӯзноманигор, аккоси хабарӣ |
Ҷоизаҳо |
Ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ |
Муҳиддин Олимпур (форсӣ: محیالدین عالمپور; 2 марти 1945, деҳаи Шамтуч, ноҳияи Айнӣ, вилояти Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон — 13 декабри 1995, Душанбе, Тоҷикистон) — рӯзноманигор, аккоси маъруфи тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳиддин Олимпур 2 марти соли 1946 дар деҳаи Шамтучи ноҳияи Айнии вилояти Ленинобод ба дунё омадааст. Дар солҳои гуногун дар нашрияҳои «Комсомоли Тоҷикистон», «Адабиёт ва санъат» (1983), ҳамзамон ба ҳайси тарҷумон дар Афғонистон, мудири бахш дар оҷонси давлатии иттилоотии ТоҷикТА (имрӯза "Ховар")(1970-1979) ва сар аз соли 1990 то замони кушта шудан ба ҳайси мудири бахши душанбегии радиои ВВС фаъолият кардааст. Муаллифи силсилаи барномаҳои радио ва телевизионӣ ва ду китоб, барандаи Ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ мебошад[1].
Куштор
[вироиш | вироиши манбаъ]Муҳиддин Олимпур 13 декабри соли 1995 дар шаҳри Душанбе аз тарафи афроди мусаллаҳ ба қатл расид[2].
Қотилон
[вироиш | вироиши манбаъ]Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 сокинони шаҳри Ваҳдат Адҳам Тоиров ва Назрибек Давлатовро ба қатли Муҳиддин Олимпур гунаҳкор дониста, аз озодӣ маҳрум карда буд. Вобаста ба ҳамин ҷиноят соли 2007 шаҳрванди дигари Тоҷикистон Аслам Усмонов ба муҳлати 15 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Насрулло Шарифов баъди куштори Олимпур ба Русия фирор карда буд. Мақомоти муҳофизи қонуни Русия ӯро дар шаҳри Санкт-Петербург барои талаю тороҷ ба муҳлати 7 сол ҳабс карда буданд. Баъдан мувофиқи дархости Прокуратураи генералии Тоҷикистон Насрулло Шарифов ба мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ супорида, равонаи зиндон шуд[3].
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мухиддин Олимпур. Хочу быть фотографом (Для среднего и старшего школьного возраста). — Душанбе: Адиб, 1989. — 91 с.
- Муҳиддин Олимпур. Раҳнамои суратгир. Душанбе: Адиб, 1989(пайванди дастнорас).
- Тӯшаи чашм.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ёде аз Муҳиддин Олимпур Бойгонӣ шудааст 5 марти 2018 сол. // «Фараж» — 9 марти 2013
- ↑ Нигоҳи дигар аз чашмаки дурбини Муҳиддин Олимпур // Радиои Аврупои Озод / Радиои Озодӣ — 13 декабри 2012
- ↑ Оғози намоишгоҳи аксҳои Муҳиддин Олимпур дар Душанбе(пайванди дастнорас) // «Навид.tj» — 13 декабри 2012
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Habib Borjian, “ʿĀLEMPUR, Moḥyi-al-Din,” Encyclopædia Iranica, online edition, 2012, available at(англ.). www.www.iranicaonline.org. 16 сентябри 2019 санҷида шуд.
- 23 соли бебаҳор(пайванди дастнорас)
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Муҳиддин Олимпур. Академияи Чандрасонаии Тоҷик. tajikmultimedia.org. 4 октябри 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Декабри 2017.