Рауф Баротов
Таърихи таваллуд | 10 октябр 1921 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 15 январ 2013 (91 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | заминшиносӣ |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои геологӣ ва минералӣ[d] |
Алма-матер | |
Ҷоизаҳо |
Рауф Баротов (10 октябри 1921, деҳаи Себахшаи ноҳияи Конибодом — 14 январи 2013, Душанбе) — геолог ва маъданшиноси маъруфи тоҷик, академики АИ ҶШС Тоҷикистон (1968), доктори илмҳои геология ва минералогия (1966), профессор (1967). Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1974).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Рауф Баротов 10 октябри соли 1921 дар деҳаи Пӯлодони ноҳияи Конибодом ба дунё омадааст. Хатмкардаи Техникуми педагогии шаҳри Конибодом (1937) ва факултети геологияи Университети давлатии Осиёи Миёна (1945). Аспиранти факултети геологияи Университети давлатии Осиёи Миёна (1945-1948), ходими илмӣ ва мудири сектори петрография ва канданиҳои фоиданок (1949-1953), директори (1953-1959) Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон, академик-котиби шуъбаи фанҳои физикаю математика ва геологияю кимиё (1959-1976), ноиб-президенти (1975-1984) АИ ҶШС Тоҷикистон Аз соли 1988 раиси ифтихории Институти геологияи АИ ҶШС Тоҷикистон ва мушовири Президенти АИ ҶТ буд.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Рауф Баротов мутахассиси намоён ва забардасти соҳаи геология, петрология ва металлогенияи Тоҷикистон, муаллифи бештар аз 500 корҳои илмӣ, аз ҷумла 24 рисола аст. Китобҳои ӯ ба сарватҳои зеризаминӣ ва рӯизаминии Тоҷикистон бахшида шудаанд. Бо роҳбарӣ ва иштироки бевоситаи Рауф Баротов нақшаи пайдоиши маҷмӯъи магмавии Тоҷикистон кор карда, петрологияи онҳо омӯхта шудааст. Ӯ нақшаи муфассали ноҳиябандии металлогении Тоҷикистони Марказиро пешниҳод карда, барои ҷустуҷӯи кони филиззҳои нодир на танҳо тавсияи амалӣ додааст, балки дар иктишофи ганҷҳои нодир солиёни зиёд бевосита иштирок кардааст. Рауф Баротов яке аз ташкилотчиёни фаъоли илми геология дар Тоҷикистон мебошад.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Дорандаи Мукофоти давлатии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника (1970). Бо ордени «Дӯстии халқҳо», 2 ордени «Нишони Фахрӣ», 5 медал, нишони тилоии Конгресси байналмилалии геологҳо сарфароз гардидааст.
Донистаниҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Ба номи ӯ маъдани «Баротовит» номгузорӣ шудааст. Рауф Баротовро Институти биографияи ИМА ду маротиба «Одами сол» интихоб кардааст. Дар ситоиши ӯ адибони гуногунзабони дунё китобҳо, қиссаю достон, шеър ва очеркҳои ҳуҷҷатӣ навиштаанд. Дар даромадгоҳи факултети геологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тахтасанги хотиравии Рауф Баротов гузошта шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон. Д., 1968;
- Асрори кӯҳҳои Тоҷикистон, Д., 1971;
- Лаъли Бадахшон. Д., 1980;
- Ганҷи кӯҳистон. Д., 1985;
- Каменное чудо Таджикистана. Д., 1988;
- Сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон. Д., 1996;
- Конҳои маъдани Тоҷикистон ва ҳифзи онҳо. Д., 2001;
- Сангҳои гаронбаҳо ва ороишии Тоҷикистон. Д., 2005.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баротов Рауф Баротович // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 10 октябр
- Зодагони соли 1921
- Даргузаштагони 15 январ
- Даргузаштагони соли 2013
- Даргузаштагони Русия
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Сарфарозшудагон бо медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945»
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Геологони Тоҷикистон
- Академикҳои АИ Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино