Соат Чалишев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Соат Чалишев
Соат Чалишев
Таърихи таваллуд 20 апрел 1933(1933-04-20)
Зодгоҳ деҳаи Шаҳидони собиқ ноҳияи Сари Хосор (ноҳияи Балҷувон )
Таърихи даргузашт 14 январ 2015(2015-01-14) (81 сол)

Соат Чалишевомӯзгор, адабиётшинос, фолклоршинос, Корманди шоистаи Тоҷикистон, аълочии мактаби олии Иттиҳоди Шӯравӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соат Чалишев 20 апрели соли 1933 дар деҳаи Шаҳидони собиқ ноҳияи Сари Хосор (ҳоло ноҳияи Балҷувон) ба дунё омадааст. Донишгоҳи давлатии педагогии Кӯлобро соли 1958 хатм карда, аз соли 1958 то соли 2005 дар вазифаҳои муаллим, муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, декани факулта ва профессори кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият кардааст. Аз соли 2005 дар департаменти забонҳои Донишгоҳи байналмилалии гуманитарии Тоҷикистон то охири умр кор кард. Ӯ 14 январи соли 2015 даргузашт ва дар оромгоҳи «Ҳазоро»-и шаҳри Кӯлоб ба хок супурда шуд.[1]

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Соат Чалишев яке аз муҳаққиқони осори шоири маъруф Саидалӣ Вализода мебошад. 4 монография ва беш аз 100 асари илмию дастурҳои таълимӣ доир ба фолклоршиносӣ, эҷодиёти шоирону адибони тоҷик, гӯишҳо ва эҷоди шифоҳии мардум таълиф намудааст.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Даргузашти профессор Чалишев дар Кӯлоб