ТВ Ҷаҳоннамо
Зоҳир
Ҷаҳоннамо/Jahonnamo | |
---|---|
Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» | |
Мамлакат | Тоҷикистон |
Минтақаи пахш |
Тоҷикистон Замин |
Замони пахш | шабонарӯзӣ |
Забон | асосан тоҷикӣ, ҳамчунин русӣ ва англисӣ |
Маркази идоракунӣ | Душанбе Тоҷикистон |
Оғоз | 5 ноябри соли 2008 |
Бинандагон | тақрибан 20 миллион аз тамоми ҷаҳон |
Асосгузор | Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Молик | Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» |
Роҳбарон | Абдумаҷид Усмон Ҳакимзода |
Каналҳои хоҳар |
ТВ Тоҷикистон ТВ Сафина ТВ Баҳористон Варзиш ТВ ТВ Синамо |
Сайт | jahonnamo.tj |
Ҷаҳоннамо (форсӣ: جهاننما) — шабакаи телевизиони иттилоотӣ ва ҷамъиятию давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ба агентии иттилоотӣ ва муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» шомил мешавад.
Таъсис
[вироиш | вироиши манбаъ]Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 546 аз 31 октябри соли 2008 таъсис ёфтааст. Пахши шабакаи телевизионӣ 5 ноябри соли 2008 оғоз гардид. Сараввал минтақаи шабакаи телевизионӣ 60 % қаламрави Тоҷикистон (асосан ғарби кишвар)-ро фаро мегирифт. Баъдан шабака паҳншавиро тавассути моҳвораи нав оғоз намуд, ки пахши телевизион, дар саросари ҷаҳон таъмин карда мешавад. Директори Муассисаи давлатии «Ҷаҳоннамо» Абдумаҷид Усмон Ҳакимзода (аз ноябри соли 2008) мебошад.
Барномаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Аз ҳар гӯшаи ҷаҳон
- Асрори табиат
- Аз рӯзгори ситораҳо
- Асрори коинот
- Дидбон
- Дарду дармон
- Матбуоти ҷаҳон
- (МАО)-аз олами ҳайвонот
- Навиди илму технология
- Ногаҳон
- Нақлиёт
- Ориёӣ
- Оё медонед?
- Рӯйдодҳо ва расонаҳо
- Синамо
- Сӯҳбати рӯз
- Тоҷикистон аз чашми дигарон
- Тақвими рӯз
- Тафсири рӯз
- Тандурустӣ
- Ҳуқуқи шумо
- Ҳамқадам бо замон
- Ҷӯянда
- Ҷаҳони муосир[1]
Online-tv
[вироиш | вироиши манбаъ]дар сомонаи teleradiocom.tj Бойгонӣ шудааст 17 феврали 2017 сол.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Барномаҳо. 4 марти 2017 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 феврали 2017.